Гулшинонӣ дар назди бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар доираи сиёсати тадбиқсоз, бунёдкорона ва  иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳалҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ҳамчунин  барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани идҳои давлатӣ, дар назди бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи гулшинонӣ […]


Ахбороти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои террористӣ-экстремистие, ки фаъолияташон дар кишвар манъ карда шудааст

Ахбороти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои террористӣ- экстремистие, ки фаъолияташон дар кишвар манъ карда шудаст Ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки бо ҳалномаҳои Суди Олӣ 29 адад ҳизбҳо, гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, равияҳо ва иттиҳодияҳои зерин ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташон дар ҳудуди кишвар манъ, воридоти адабиётҳо ва сомонаҳои […]


Ҳамоиши илмию амалӣ

Санаи 27 майи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмию амалии якҷояи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Саҳми ҷавонон дар рушди иқтисодиёти мамлакат: вазъи имрӯза ва дурнамо” баргузор гардид. Дар кори […]


Маҷлиси ҳафтаина

27 майи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам бо иштироки муовинони Раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид. Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон сараввал ба интизоми меҳнатии кормандони суд таваҷҷуҳ зоир намуда, […]


Мусобиқаи дӯстонаи футболи хурд байни кормандони ҳокимияти судӣ

Дар робита бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, тавассути қатъномаи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии СММ Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардидани 25-уми май, бо ибтикори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандони ҳокимияти судӣ, судҳои Суди конститутсионии […]


Соли маърифати ҳуқуқӣ

Соли маърифати ҳуқуқӣ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024   Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: 1.Соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад. 2.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                        […]


Соли маърифати ҳуқуқӣ

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1)Соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад.

2)Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 30 декабри соли 2023, № 668

 

Рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024»

Зеркашии логотип

Бо мақсади иҷрои банди 3 нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 марти соли 2024, №АП-533 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 19 Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2021, №413 тасдиқ гардидааст, бо фармоиши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024, №50 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда шуд.

Ҳамзамон, тибқи фармоиши мазкур ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар тавсия дода шудааст, ки барои ба таври васеъ истифода ва тарғибу ташвиқ намудан, аз ҷумла ҷиҳати дар сомонаи расмӣ, шабакаҳои иҷтимоии дигар, ҷойҳои ҷамъиятӣ, биноҳои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар ҷойгир намудани рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Тавсифи рамзи

«Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024»

Рамзи мазкур намуди доирашакл дошта, гирдогирди рамзро хати доирашакли сабз фаро гирифтааст, ки нишонаи сарсабзию шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад.

Дар гирди қисми болои рамз бо забони тоҷикӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ки ифодагари моҳияти рамз мебошад, навишта шуда, дар қисми поёни он рамзи шараф – шохи баргдори дарахти лавр бо тасмаи серахаи печида, ки ифодакунандаи рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҷой гирифтааст.

Дар маркази доира ҷузъиёти асосии рамз – китоби кушода, офтоби оламоро ва тоҷдасти шоҳӣ ҷой дода шудааст. Китоби кушода таҷассумкунандаи манбаи дониш, Конститутсия ва қонун, таълиму тарбия ва хирад, офтоби оламоро – рамзи нур, гармӣ, шифо, саховатмандӣ ва тоҷдасти шоҳӣ бо тасвири нимдавраи офтобӣ ва ҳафт ситора ҳамчун рамзи ваҳдати миллӣ, иқтидори давлат ва роҳнамою равшанидиҳанда мебошад. Дар қисми поёни маркази доира рақами «2024» нишон дода шудааст.

МАТНИ ШИОРУ ОВЕЗАҲОИ ТАВСИЯВӢ БАХШИДА БА 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ» ЭЪЛОН НАМУДАНИ СОЛИ 2024

БАХШИДА БА 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 10-солагии Конститутсияи Тоҷикистон:

Конститутсия воқеан шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъйинкунандаи сарнавишти ҳар халқу миллат мебошад
________________________________________________________________________________

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи ормону ниятҳои ниёгон ва дастури кору зиндагии наслҳои имрӯзу фардои миллати мутамаддини тоҷик аст
________________________________________________________________________________

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қавлу қасами миллати тоҷик дар назди худ ва аҳли ҷаҳон дар мавриди бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ аст
________________________________________________________________________________

Конститутсияи Тоҷикистон паёми рӯҳи бешикасту озодипарастии миллати тоҷик ба мардумони дунёст, ки аз Истиқлолияти давлатии мо бозгӯйӣ мекунад
________________________________________________________________________________

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия (06.11.2008):

Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад

________________________________________________________________________________

Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад
_______________________________________________________________________________

Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 15 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсия санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад
________________________________________________________________________________

Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 20-солагии Конститутсияи Тоҷикистон

Конститутсия ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат
________________________________________________________________________________

Конститутсия таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад
________________________________________________________________________________

Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад
________________________________________________________________________________

Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор меравад
________________________________________________________________________________

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28.12.2023:

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад ________________________________________________________________________________

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем
____________________________________________________________________________________

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Конститутсия (05.11.2015):

Бузургӣ ва аҳаммияти ин санади муҳимми таърихӣ -Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат кабул карда шудааст
________________________________________________________________________________

Ин санади олии ҳуқуқӣ, воқеан, мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти мамлакат ва дастоварди муҳимтарини даврони истиқлол шуморида мешавад
________________________________________________________________________________

Конститутсия, аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.
________________________________________________________________________________

Аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Конститутсия (05.11.2016)

Конститутсияи мо хусусияти миллӣ дорад, зеро он бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯс­тонаи халқи фарҳангсолори тоҷик­ инъикос ёфтаанд
________________________________________________________________________________

Дар Конститутсия таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ мақсади фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор дода шудааст
________________________________________________________________________________

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия (06.11.2017):

Эҳтиром ба Конститутсия ва қонун – эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва дигарон мебошад
________________________________________________________________________________

БАХШИДА БА «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ» ЭЪЛОН НАМУДАНИ СОЛИ 2024

Аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд (моддаи 5)
________________________________________________________________________________

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд (моддаи 14)
________________________________________________________________________________

Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Мардон ва занон баробарҳуқуқанд (моддаи 17)
_______________________________________________________________________________

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28.12.2023:

Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад ________________________________________________________________________________

Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад
________________________________________________________________________________

Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд
________________________________________________________________________________

Аз Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030:

Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад
________________________________________________________________________________

Таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигари тарбияи инсон бояд анҷом дода шавад ____________________________________________________________________________________

Аз Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028:

Баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад
________________________________________________________________________________

Заминаи асосии ба роҳ мондан ва ташаккул додани низоми давлатии ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар он Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эълон гардида, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад
________________________________________________________________________________

Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тақвияти соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллӣ, таҳкими идоракунии давлатӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди маориф ва илм, фарҳанг, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, баробарӣ ва гуногунии шаклҳои моликият, рушди соҳибкорӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа вазифаҳои якумдараҷаи сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд ________________________________________________________________________________

Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат (09.03.2024):

Мақсад аз қабули қарор дар бораи соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидан ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани ҳимояи ҳуқуқи инсон мебошад
________________________________________________________________________________

Тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, ба роҳ мондани усули ҳамкории самараноки давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» мебошад
________________________________________________________________________________

6. Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (26.12.2018):

Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбқнёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад
________________________________________________________________________________

Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад
________________________________________________________________________________

Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 15 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқиро тақозо мекунад ________________________________________________________________________________

Дар ҷомеае, ки ваҳдату якдигарфаҳмӣ, сулҳу субот, риояи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқӣ таъмин аст, хеҷ гоҳ ҳуқуқ ва озодии инсон поймол нахоҳад гашт
________________________________________________________________________________

Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 20 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Таъмин намудани идомаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа яке аз хусусиятҳои муҳимми Конститутсия мебошад, ки ҷавҳари онро озодии сухан ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ташкил медиҳад ________________________________________________________________________________

Қонуни асосии кишвар барои таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам овард
________________________________________________________________________________

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 30 апрели соли 2007:

Дигар масъалае, ки ҳамчунин кӯшиши якҷояи ҳамаи рукнҳои ҳокимият, аҳзоби сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои иттилооти омма, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва таҳсилоти умумӣ, зиёиён ва умуман аҳли ҷомеаро талаб менамояд, тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ ва зина ба зина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум ва пеш аз ҳама, ҷавонон аст
________________________________________________________________________________

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 25 апрели соли 2008:

Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад
________________________________________________________________________________

 

манбаъ:Сомонаи расмии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (https://adliya.tj/)


Ваҳдати миллӣ – бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллат

Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол иди Ваҳдати миллиро бо шодию фараҳи беандоза ва ҳисси баланди шукргузорӣ аз сиёсати сулҳофарини Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол мегиранд. Ҳар сол дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 27 июн – ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳо […]


Вохӯрӣ бо толибилмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 43-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

24-уми майи соли 2024 аз ҷониби сардори раёсати коргузорӣ ва назорати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнзода Ф.А., муовини сардори раёсати коргузорӣ ва назоратӣ Насруллозод С., сардори шуъбаи муҳосибот ва таъминоти техникӣ Ҷумазода М., ёрдамчии судяи Суди Олии иқтисодӣ Наҷмудинзода О. ва Шарипов Д. бо толибилмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 43-и ноҳияи Синои шаҳри […]


Вохӯрии судманд бо имомхатибон, раисони маҳаллаҳо ва дигар фаъолони ҷамоати деҳоти ба номи Т.Туйчиеви шаҳри Турсунзода дар ҳошияи Соли маърифати ҳуқуқӣ

23 майи соли 2024 бо мақсади дар амал татбиқ намудани Соли маърифати ҳуқуқӣ, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024, Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии […]