Ваҳдати миллӣ – бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллат

Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол иди Ваҳдати миллиро бо шодию фараҳи беандоза ва ҳисси баланди шукргузорӣ аз сиёсати сулҳофарини Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол мегиранд.

Ҳар сол дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 27 июн – ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳо ва мардуми шарифи Тоҷикистон чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ташкил карда, он ҳамчун иди якдиливу ягонагӣ  ҷашн  гирифта мешавад.

Ваҳдати миллӣ халқи моро ба худшиносӣ, дарк кардани мазмун, моҳият ва асолати инсонӣ дар ин арсаи бархӯрди тамаддунҳо ва муборизаҳои иттилоотӣ оварда, ҳушдорамон кард, ки танҳо сулҳу суббот, ҳуввият, шинохт, ҳамрайъӣ, муттаҳидӣ метавонад моро боз миёни миллатҳои ҷомеаи башарӣ бештар  муаррифӣ кунонад.

Истиқлолияти давлатӣ барои миллати фарҳанговар ва ояндасози тоҷик неъмати бебаҳо мебошад ва имрӯз таҳким бахшидан ба ваҳдати миллӣ рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар тоҷик ва Тоҷикистонӣ аст. Бинобар ин месазад дар саҳифаи таърихи муосири миллат сабт намоем, ки созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ифодагари хиради азалии тоҷикон, инъикосгари фарҳанги ғании инсонию одамият, муҳаббати самимӣ ва бартараф кардани кинаву адоват ва расидан ба сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, аз арзиши ватандории тоҷикон дар арсаи рушд кардани гуфтугӯ, бархӯрди тамаддунҳо ва асри иттилоотӣ буд.

Воқеитар агар баҳо диҳем, дар таърихи даҳсолаи охири қарни ХХ ва ибтидои асри ХХI ин ҳуҷҷати монанд ба кохи бегазанд ва сарнавиштсоз на фақат дубора аз ҳастии миллати тамаддунофари тоҷикон ҷаҳониёнро огаҳ гардонид, ҳамзамон мардуми мамолики дигар, ташкилотҳои бонуфузтарини ҷомеаи башариро ҳушдор намуд, ки аз ин дастоварди тоҷикон сабақ гиранд, дарси сулҳу ваҳдат, асолати инсонӣ, одамиятро омӯхта, муҳаббат, самимият, лутф ва эҳтиромро байни инсонҳо мустаҳкам намуда, ҷомеаи башариро аз хавфи ҳар гуна зуҳуроти номатлуб  раҳоӣ диҳанд.

Ваҳдати миллӣ барои тоҷикон чӣ арзишҳое дод?

Бо ифтихор ва сарбаландӣ метавон такрор ба такрор таъқид дошт, ки пеш аз ҳама барои мо аз ҳама муқаддастар тамомияти арзиро ҳифз кард ва ватанро ба порчаҳо тақсим  гардидан намонд,  истиқлолияти давлатиро  таҳким бахшид, барои равандгирии ҷараёни истеҳсолот ва нумӯи ҳаёти иқтисодии мамлакат фазои кориро муҳайё кард. Ба мардуми рӯҳияшикаста аз зиндагӣ, ноумед аз ҳаёт шароитро барои осоишта зистан муҳайё кард, парокандагаштагонро аз марзҳои кишварҳои хориҷ ба ватани муқаддаси худ баргардонид, ҳамзамон ниҳодҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳо, ташкилотҳои давлатию ғайридавлатиро барои пурра фаъолият кардан роҳнамун сохт. Муҳимтар аз ҳама мардумро ба худшиносӣ, огоҳӣ аз асли хеш, падид овардани андешаи миллӣ ва татбиқ кардани ғояҳо дар ҳаёти рӯзмарраи мардуми кишвар ва пешбурди ҷамъият, равона дошт.

Бо шарофати сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар, мо ба марҳилаи нави зиндагӣ, ба давраи оғози корҳои бузургу созандагӣ, бунёдкорию ободонии сарзаминамон қадам гузоштем. Сулҳу оромии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ имкон дод, ки дар бобати аз бӯҳрони иқтисодӣ баровардани ҷумҳурӣ, таъмини рушди мунтазами соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар, гузаронидани ислоҳоти иқтисодии ба талаботи шароити бозаргонӣ ва меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқ тадбирҳои зарурӣ андешем. Тағйиротҳои куллие, ки вақтҳои охир дар ҷомеа рух дода истодаанд, аз ҷумла муборизаи қатъӣ ба муқобили қонуншиканӣ, дигаргуниҳо дар баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеа ва сатҳи байналмиллалӣ, рафти ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ, қабули қонунҳои нав, таваҷҷӯҳ ба аҳли илму фарҳанг ва соҳаи тандурустӣ, амалӣ шудани маҷмӯи чорабиниҳои давлат дар ҳаққи зиёиён, занон, ҷавонон, нафақахӯрон, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, танзими оила, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва рафти ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ бозгӯи рушди босуръат ва пешрафтҳои азими минбаъдаи кишварамон мебошанд. Бахусус таваҷҷӯҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳокимияти судӣ, ки яке аз шохаҳои Ҳокимияти давлатӣ буда, ҳифзкунандаи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, корхонаҳо, муасисаҳо, дигар ташкилотҳо, қонуният ва адолатро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудаанд, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳамчун мақомоти таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ мебошад, бештар аст.

Имрӯз таҳким бахшидан ба ваҳдати миллӣ рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар тоҷик ва Тоҷикистонӣ бояд, бошад.

Рӯзи иди Ваҳдати миллиро ба тамоми мардуми Тоҷикистони азиз, табрик намуда, ба кишвари азизамон сулҳу оромӣ, ватандӯстиву инсонпарварӣ ва меҳру муҳаббатро орзумандам.

Мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсус                 Дамонзода Ғ.

Напечатать страницу Напечатать страницу