Гулшинонӣ дар назди бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар доираи сиёсати тадбиқсоз, бунёдкорона ва  иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳалҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ҳамчунин  барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани идҳои давлатӣ, дар назди бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи гулшинонӣ баргузор гардид.

 

Бояд тазаккур дод, ки чунин иқдомҳои бунёдкориву созандагӣ аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  минбаъд низ идома ёфта, дар пешрафту ободонии ватани азизамон саҳми худро хоҳанд гузошт.

 

 

Напечатать страницу Напечатать страницу