Маҷлиси ҳафтаина

27 майи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам бо иштироки муовинони Раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид.

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон сараввал ба интизоми меҳнатии кормандони суд таваҷҷуҳ зоир намуда, таъкид намуданд, ки сари вақт ба ҷои кор ҳозир шуда, интизоми меҳнатро ба таври қатъи риоя намоянд.

Дар давоми маҷлис қайд намуданд, ки бо ташаббуси бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, қатъномаи иҷлосияи 78-уми Маҷмааи Умумии СММ дар бораи эълон гардидани 25-уми май “Рӯзи ҷаҳонии футбол” қабул гардид, ки дар ҳамин замина бо ибтикори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи дӯстонаи футболи хурд байни кормандони ҳокимияти судӣ ташкил ва баргузор гардида буд, ки дар мусобиқаи мазкур кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд, изҳори сипос намуданд.

Дар охир Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳо доир ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, диққати судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро доир ба иҷрои дақиқи вазифаҳои хизматӣ ва роҳ надодан ба омилҳои коррупсионӣ ҷалб намуд.

Напечатать страницу Напечатать страницу