Вохӯрӣ бо толибилмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 43-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

24-уми майи соли 2024 аз ҷониби сардори раёсати коргузорӣ ва назорати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнзода Ф.А., муовини сардори раёсати коргузорӣ ва назоратӣ Насруллозод С., сардори шуъбаи муҳосибот ва таъминоти техникӣ Ҷумазода М., ёрдамчии судяи Суди Олии иқтисодӣ Наҷмудинзода О. ва Шарипов Д. бо толибилмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 43-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯрӣ баргузор карда шуда, ба саҳми иштирокдорони вохӯрӣ муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 28-уми декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, инчунин вобаста ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расонида шуд.

Напечатать страницу Напечатать страницу