Ҳамоиши илмию амалӣ

Санаи 27 майи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмию амалии якҷояи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Саҳми ҷавонон дар рушди иқтисодиёти мамлакат: вазъи имрӯза ва дурнамо” баргузор гардид.

Дар кори он кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Таъкид гардид, ки саҳми ҷавонон дар рушди иқтисоди мамлакат ва дар амалигардонии ҳадафҳои стратегии ҳукумати мамлакат бузург буда, ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ, маърифати ҳуқуқӣ ва саъйю талоши созандаю бунёдкорона барои ободии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ талош намуда, дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва давлатдории навини тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳамчунин дар ҳамоиш сардори раёсати ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрорзода З., мутахассиси пешбари раёсати коргузорӣ ва назорати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатоҳзода М., инчунин сардори раёсати рушди иҷтимоии ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода Д. ва директори КВД “Маркази рушди зеҳнӣ ва иқтисодии ҷавонон” – и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода С. бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карда, таъкид доштанд, ки ҷавонони мо дар пайгирии аз сиёсатӣ созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифзи арзишҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, корҳои бунёдкориву созандагӣ дар ҳамаи соҳаву бахшҳои давлат ва ҷомеа фаъолона иштирок намуда, саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Ҳамзамон, иштирокчиёни ҷорабинӣ оид ба мавзуҳои матраҳгардида мубоҳисаҳо доир намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш, ҷавонони фаъоли Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаҳои роҳбарияти ниҳодҳои болозикр қадрдонӣ карда шуданд.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу