Мизи мудаввар бахшида ба 24-умин солгарди Ваҳдати миллӣ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи уди Олии  иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 24-умин солгарди Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар доир гардид, ки дар он муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Сухати ифтитоҳиро муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Зокир оғоз намуда иштирокчиёнро бахшида ба муносибати  ҷашни  сулҳофари  миллати тоҷик  Ваҳдати миллӣ табрик ва муборакбод намуданд.

Аминзода Зокир ёдовар шуданд, ки бисту чор  сол қабл, яъне бисту ҳафтуми июни соли 1997 баъди музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар  имзо расидани  он  нақши  бориз гузоштаанд.

Пешвои  муаззами  миллат дар баромади  худ  иброз намуда буданд, ки роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад.

Ваҳдати миллӣ ин омили муҳимтарини ҳастии миллат, ватандорӣ ва давлатдории соҳибистиқлоламон, сарчашмаи асосии падидаи ҳамкорӣ, созгорӣ ва ҳамоҳангии манфиатҳою субот дар ҷомеа, амнияту тараққии кишвар ва  муҳимтарин заминаи пешрафтҳои халқамон ба шумор меравад, мебошад.

Дар идомаи мизи мудаввар судяи СОИ ҶТ Мирзозода Парвиз дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ дар меҳвари давлатдорӣ”, мудири бахши кадрҳои суд  Шарофзода Далер дар мавзӯи  “Ваҳдати миллӣ –маҳсули андешаи миллӣ” ва мутахассиси пешбари суд Исломова Насиба – дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ фарҳанги сулҳофари Пешвои миллат” баромад намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу