Пешвои миллат – поягузори Ваҳдати миллӣ- Азизӣ Ҷ.А., судяи СОИ ҶТ

“Сулҳ, субот, ризоияти ҷомеа, Ваҳдати миллӣ хизмати бениҳоят бузургу таърихии халқи азизи Тоҷикистон мебошад”                                                    Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдати миллӣ барои тамоми миллати тоҷик муборактарин, муқаддастарин ва боарзиштарин дастовард  мебошад. Зеро он ба кишвари маҳбуби мо сулҳу сафо, оромиву осудагӣ, оштиву ваҳдат ва ҳамбастагиву ҳамгироиро  бо худ ҳадя овард.

Ҳамасола санаи 27-уми июн  дар кишвар рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ифодаи шукргузории тамоми табақаҳои ҷомеаи кишвар аз сиёсати сулҳҷӯёна ва бунёдкоронаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бо шукуҳу шаҳомати хоса мутантан таҷлил карда мешавад.

Мусаллам аст, ки имсол аз лаҳзаи имзошавии Созишномаи умумӣ  “Дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” бисту чор сол сипарӣ мегардад. Бисту чор соле, ки дар зарфи он мо, мардуми Тоҷикистон пойдевори давлатдории навини хешро устувор намуда, аз ҳолати фаноёбии миллӣ ҷилвагирӣ, тарзи зиндагиву ҷаҳоншиносӣ ва масъулияти ватандории хешро баланд бардошта, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ  мақому эътибори хоса пайдо намудем. Дар ин бисту чор сол, ки дар воқеъ солҳои сарнавиштсозу созанда мебошад, на танҳо мо, балки ҷаҳони мутамаддин  ва тарзи муносибати халқҳову давлатҳо низ сифатан дигаргун шуд. Дар робита ба ин ҷашнвора ва умуман роҳи тафахуромези тай кардаи мо дар даврони Истиқлол ходимони давлативу ҷамъиятӣ, олимону адибон, ба вижа, аҳли зиё китобу мақолаҳои ҷолибе таълиф намуда, ба ин ё он васила ба роҳи пуршарафу пурифтихори Сулҳу ваҳдатофаринии мо дахл намуда, аз он натиҷабардорӣ кардаанд. Маҳз ба ин васила раванди сулҳи тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ чун модели мукаммал, бетаҳаммул ва ягона эътироф кардаанду меомӯзанд.

Бояд тазаккур дод, ки бурдборӣ, пирӯзиву иқболу саодати одамон ҳосили сулҳу ваҳдати осоиштагӣ мебошад, ки мебояд онро қадр кард. Мутаассифона, ҷумҳурии соҳибистиқлоли моро пас аз пош хӯрдани давлати Шӯравӣ, мизони идоракунии давлату давлатдорӣ ба нуқсони шадид мубтало гардид. Муддате фазои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии моро бесару сомониҳо фаро гирифт. Он ҷанги шаҳрвандие, ки дар кишвари мо сар зада буд, нофаҳмиҳои хеле зиёду беадолатиҳоро ба миён овард.  Дар он рӯзҳои ниҳоят мутҳишу вазнин Тоҷикистони мо қариб буд, ки ба пуррагӣ аз байн равад. Маҳз дар чунин лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз ва хатарбору марговар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фозиливу оқилии худ ва бо сиёсати дурнигаронаи худ тавонист, ки алангаи оташи ҷангро хомӯшу мардумро ба сарҷамъиву осудагӣ оварда расонад.  Воқеан ҳам сиёсати пайгиронаи Сарвари давлатамон аз рӯзҳои аввали оштии миллӣ ва ҳамбастагиву ҳамгироии халқи тоҷик баҳри муттаҳидиву осоиштагӣ ва зиндагии шоистаи шаҳрвандон равона гардида буд. Азму талошҳои пешвои тоҷикон ин ҳамдиёрону ҳамватанонро ба ватани аҷдодии хеш баргардонидан буд, ки мислашро таърихи башарият надидааст ва дар сафҳаҳои таърих ин усул бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.

Воқеан ҳам, волотарин дастоварди куҳанбунёду демократии  мо дар тӯли ҳазорсолаҳои таърих ин расидан ба Истиқлоли давлатӣ, сулҳи комил ва ваҳдати миллист. Барқарор гардидани сулҳ  ва оштии миллӣ беҳтарин ҳадяи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик мебошад, ки масири миллатро ба сӯи ободиву созандагӣ раҳнамун сохт. Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар садаи гузашта, бузургтарин хидмати таърихии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлати Тоҷикистон муайян ва амалӣ кардани роҳи сулҳи халқи тоҷик, наҷоти миллат аз гирдоби фоҷиабори ҷанг, ба ҳам овардани онҳое, ки аз ҳам дур мешуданд, нигоҳ доштани киштии шикастаи ҳукумат аз ғарқу нобудшавӣ аст.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Сарвари давлат ҳамеша иброз медоранд, ки: “Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем”. Бояд гуфт, ки ин суханҳои пур аз панду ҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар фарди ватандӯсту худогоҳро огоҳ месозад, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар саросари кишвари биҳиштосоямон Тоҷикистон чун арзиши умумибашариву муқаддас ҳифз намуда, баҳри расидан ба ормонҳои азими миллӣ ва пешрафту шукуфоии ин гӯшаи зебоманзари олам саъю талош намояд.

 Бисту чорумин солгарди Ваҳдати миллӣ фархундаву хуҷаста бод, ҳамдиёрони азиз!

Азизӣ Ҷ.А., судяи Суди Олии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Напечатать страницу Напечатать страницу