Ваҳдат таҳкимбахши оромиву субот – Мирзо Бегиҷонзода, мутахассиси бахши кадрҳо

Беҳуда нагуфтаанд, ки барои устувории ваҳдати миллӣ ташаккули ҳисси ифтихор ва ғурури миллӣ бисёр муҳим аст. Бо вуҷуди муваффақиятҳои назаррасе, ки дар самти худшиносии миллӣ дар замони истиқлол ба он ноил гаштаем, сулҳи тоҷикон намунаи нодири сулҳофаринӣ дар таҷрибаи байналмилалӣ буд. Ҳамаи ин аз кӯшишу талошҳо, ҷидду ҷаҳд ва хирадпешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми босабру меҳнатқарини тоҷик ба даст омад. Натиҷаи он имрӯз бевосита ба мушоҳида мерасад, ки ҷумҳурии азизамон рӯз то рӯз ободтар, шукуфонтар, осудатар гашта, аз ҳар ҷиҳат дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосса насб намудааст.

Имрӯзҳо кишвари азизамон дар арафаи 24-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорад. Ваҳдати миллӣ ба марҳилаи нави зиндагӣ чун як пайки сулҳу осоиш ба зиндагӣ ҳусни нав оғоз бахшида, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувор фароҳам овард.

Маҳз Ваҳдати миллӣ, оромиву осудагии халқ кафолати инкишофи давлат ва омили рушди ҷомеа буда, дар ин замина ташкилотҳои ҷамъиятии занон низ саҳми назарраси хешро дар ҳалли муҳимтарин масалаҳои иҷтимоӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ мегузоранд.

Дар дилхоҳ соҳа тағйироти назаррас аз баракати Истиқлолу Ваҳдати миллист, ки барои ҷаҳониён намуна ва дарс аст. Ваҳдат моро ба худшиносиву ватандӯстии бештар водор намуд.

Ваҳдати миллӣ асоси оромию осудагии мардум дар саросари кишвари маҳбубамон буда, тоҷикистониёнро бо мафкураи ягонагӣ, бародариву баробарӣ сарҷамъ кардааст. Ваҳдати миллӣ омили бузурги Истиқлолияти давлатӣ гардида, баъдан барои рушду нумӯи кишвар дар тамоми соҳаҳо аз ҷумла иҷтимоиёт, иқтисодиёт, фарҳангу таърих заминаи мусоид фароҳам меоварад. Тамоми дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо шарофати пойдории Ваҳдати миллӣ дар кишвар торафт густариш ёфта истодааст. Дар партави идеяҳои Ваҳдати миллӣ, тоҷикистониён аз худшиносиву худогоҳии хеш бохабар гардида, арзиши Истиқлолияти давлатиро яке аз арзишҳои пурғановат донистаанд.

Маҳз Ваҳдати миллӣ мардуми парокандаи Тоҷикистонро пас аз солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳам овард ва муттаҳид намуд. Ҳар як порчаи Ватан ҳар як хору хаси он баҳри тоҷикистониён муқаддас гардидааст ва имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик аз ин арзиши гаронбаҳо бахту саодати хешро чашида истодаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тибқи маълумоти СММ Тоҷикистон дар радифи дигар мамлакатҳои пешрафта рушду нумӯъ карда, торафт сатҳи камбизоатӣ паст шуда истодааст ва нишондиҳандаи охирини он дар соли 2015 ҳамагӣ 31%-ро ташкил додааст. Дар баробари ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташаккули минбаъдаи ҷомеа ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, барои онҳо тамоми шароитҳои таҳсилро муҳайё намудааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ин санаи воқеан таърихӣ барои халқи азизи мо бисёр муҳим мебошад, зеро он давлати ҷавону соҳибистиқлоли тоҷиконро аз хатари нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳо намуд ва ибтидои раванди барқарорсозии харобиҳои ҷанги таҳмилӣ ва созандагии Ватани маҳбубамон гардид.

Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад».

Напечатать страницу Напечатать страницу