Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

31 июл таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис, нахуст дар бораи Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027, дар марҳилаи дуюм солҳои 2025-2027 гузориши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода шунида […]


Маҷлиси ҳафтаина

28 июли соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодӣ зери роҳбарии Раиси Суди Олии иқтисодӣ Абдуллозода З.Ф. маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид. Раиси Суди Олии иқтисодӣ Абдуллозода З.Ф. маҷлиси навбатии назоратиро оғоз намуда, судҳяо ва кормандони дастгоҳро таъкид сохтанд, ки интизоми меҳнатӣ ба таври қатъи риоя карда шавад ва дар ин хусус мудири бахши […]


Баргузории машғулияти семинарӣ бо судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ

Бо мақсади баланд бардоштани донишҳои назариявӣ ва амалии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ, мусоидат ба беҳтар гардидани сифати баррасии парвандаҳо, ҷорӣ намудани татбиқи дурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ 25 июли соли 2025 дар толорҳои маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодӣ машғулияти семинарӣ бо судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва […]


Саломатии ҷомеа-таъмини ояндаи миллат

Ҳифзи саломатии аҳолӣ дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса дорад. Барои рушди тарзи ҳаёти солим ва ҷалби шаҳрвандон ба варзиш иқдомоти амалишаванда пайваста густариш меёбанд. Кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамбастагӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар доираи ташаббусҳои «Рӯзи варзиш» пайваста иштирок мекунанд. Чунин чорабиниҳо имконият медиҳанд, ки фарҳанги варзишӣ густариш […]


Шиносоии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодӣ Абдуллозода Зебунисо аз вазъи зиндагии сокинон дар деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен

15-уми июли соли 2025 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зебунисо бо сафари корӣ ба деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен ташриф овард. Мақсади сафар шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, шароити иҷтимоӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ва самаранок истифода бурдани майдончаҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон буд. Зимни боздид аз як қатор оилаҳо дидан карда, бо […]


Маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Спитамен дар нимсолаи якуми соли 2025

14-уми июли соли 2025 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен маҷлиси васеи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид. Дар кори маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Зебунисо, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи […]


Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб

Коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ буда, дар замонҳои қадим пайдо шуда, то имрӯз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Ба андешаи олимон нишонаҳои аввалин дар бораи коррупсияи амалдорон дар бойгониҳои Бобулистони қадим (нимаи дуюми асри XXIV то давраи мо), дертар дар қонунҳои машҳури Хаммурапи дучор омадан мумкин аст. Дар замонҳои қадим «коррупсия» ба […]


Ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодӣ бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025.

9-уми июли соли 2025 дар бинои Суди Олии иқтисодӣ ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодӣ бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025 баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Зебонисо […]


Натиҷаи озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ

Натиҷаи даври дуюм – суҳбат бо довталабон дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Р/т Ному насаби довталаб Мансаб Холҳои соҳибшудаи довталабон Эзоҳ 1. Раҳматуллоев Дилшод Ибодович Муовини сардори раёсати ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодӣ 19,6   2. Наимов Алишер Абдуҷаборович Ёрдамчии раиси Суди Олии иқтисодӣ 18     3. Наҷмудинзода […]


Натиҷаи даври аввалӣ озмуни мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ

РЎЙХАТИ иштирокчиён барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ бо забони тоҷикӣ (диктант) Озмуни мазкур санаи 30 июни соли 2025 дар бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, аз забони давлатӣ ба тариқи хаттӣ – диктант гирифта, шуд. Р/т Ному насаби довталаб Ба даври дуюм роҳхат гирифтанд 1. Раҳматуллоев Дилшод Ибодович гузашт 2. Наимов […]