9-уми июли соли 2025 дар бинои Суди Олии иқтисодӣ ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодӣ бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025 баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Зебонисо Файзулло, муовинон, судяҳо ва сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинон ва судяҳои судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Мутобиқи рӯзномаи маҷлис оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025 муовини раис Қосимзода С.О. маърӯза намуда, сипас ахбороти муовини раис Аминзода З.Т. оид ба натиҷаи фаъолияти марҳилаи кассатсионӣ, назоратӣ ва Раёсати Суди Олии иқтисодӣ шунида шуд. Ҳамчунин аз натиҷаи фаъолияташон Раисони Судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ахборот манзур намуданд. Фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар алоҳидагӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, камбудию дастовардҳои ҷойдошта муҳокимаронӣ гардида, баҳри беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти судҳои иқтисодӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.
Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Абдуллозода З.Ф. қайд намуданд, ки ҳарчанд фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 дар муқоиса ба нимсолаи якуми соли 2024 беҳтар гардида бошадҳам, аммо камбудиҳо оид ба сари вақт насупоридани нусхаи санадҳои судии қабулгардида ба тарафҳо, баъзан риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ мушоҳида мегардад, ки баҳри рафъ намудани камбудиҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ ва саривақти андешида шудааст.
Дар охир лоиҳаи Қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисоди дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025 ироа гардид.
Напечатать страницу





