“Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъминсохт. “ Эмомалӣ РАҲМОН Ҳамагон хуб огоҳ ҳастем, ки дар аввали солҳои истиқлолият […]
“Вахдати миллӣ-Асоси Пешрафти Тоҷикистон”.
“ Вахдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад. Вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд”. Эмомалӣ Раҳмон. Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои муҳимтарини давлатдории муосири […]
ҚОНУНИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ — ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮИ ТАРБИЯИ ҶОМЕАИ АРЗИШМАНД ВА ТАЪМИНИ ИҚТИСОДИ МУСТАҲКАМ
Дар низоми муосири давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ҳамчун як иқцоми муассир ва саривақтии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, ҷиҳати таҳкими арзишҳои фарҳанги миллӣ, боло бурдани сатҳи маънавиёт ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии аҳолӣ, арзиши бузург дорад. Қонуни мазкур, ки аз санаи 8-уми июни соли 2007 мавриди амал қарор […]
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аҳамияти кӯдаконро дар ҳаёт ва ҷомеаи мо ҳамчун узви муҳими ҷомеа таъкид менамояд
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аҳамияти кӯдаконро дар ҳаёт ва ҷомеаи мо ҳамчун аъзои муҳими ҷомеа таъкид мекунад ва моро вазифадор менамояд, ки ҳар кӯдак бояд ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ ва муҳити бехавф барои ба воя расидан дар он дастрасӣ дошта бошад. Дар ин рӯз маъмулан чорабиниҳои гуногун, аз қабили озмунҳои расмкашӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, намоишҳои фарҳангӣ-фароғатӣ […]
САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР – ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОР
Саноатикунонӣ омили асосии пешбарандаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бунёди корхонаҳои гуногуни саноатӣ, суръати рушди иқтисодиётро такони ҷиддӣ бахшида, барои расидан ба ҳадафҳои дигари иҷтимоӣ заминаи устуворро муҳайё месозад. Саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди мамлакатҳо ва тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ ба ҳисоб рафта, рушди он ба пешрафти бахшҳои дигари иқтисодиёт заминаи мусоид мегузорад […]
Ҳастии миллат дар якдилист
Аз таърихи инсоният мо медонем, ки дар марҳилаҳои гуногун омилҳои таъминкунандаи ваҳдат халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии миллат ва давлатҳо шудаанд. Ба миллати тоҷик низ борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид карда, давлатҳои эҷодкардааш рӯ ба завол шудаанд, вале дар тӯли бештар аз ҳазор сол ин миллат худро аз маҳвшавӣ наҷот дода, то ба […]
ПАЁМ ВА ИҚДОМҲО ДАР СОҲАИ ОБ
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи солҳои истиқлолият дар тамоми соҳаҳои мухталиф ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, феълан мақоми шоистаро дар радифи кишварҳои рӯ ба тараққии олам касб кардааст. Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, роҷеъ ба […]
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-РОҲНАМОИ ҶАВОНОН. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонон
«Ҳамасола дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар баробари дигар масъалаҳо нисбат ба ҷавонон нуктаҳои муҳим пешниҳод карда мешаванд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, баён доштанд, ки «ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд […]
ТАҚВИЯТИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ: ОМИЛҲОИ РУШД ВА РАВАНДҲОИ НАВИН
Иқтисодиёти ҳар як кишвар ҳамчун заминаи асосии пешрафти он арзёбӣ мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ тавонист дар соҳаҳои муҳими рушди миллӣ, бахусус саноат, энергетика, тандурустӣ ва бозори меҳнат, пешравиҳои назаррас ба даст орад. Ҳукумати мамлакат бо истифода аз тамоми захираҳо ва имкониятҳои мавҷуда сиёсати устувори рушдро пеш бурда, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои […]
Вохурӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ, раисони маҳалла ва ходимони дин дар ноҳияи Варзоб
Дар партави мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ин самт, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон масъулин дар ноҳияи Данғара аз ҷониби судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддини Н.Б. роҳбари дастгоҳ Самадзода Б.Қ., […]








