Ҳастии миллат дар якдилист

Аз таърихи инсоният мо медонем, ки дар марҳилаҳои гуногун омилҳои таъминкунандаи ваҳдат халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии миллат ва давлатҳо шудаанд. Ба миллати тоҷик низ борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид карда, давлатҳои эҷодкардааш рӯ ба завол шудаанд, вале дар тӯли бештар аз ҳазор сол ин миллат худро аз маҳвшавӣ наҷот дода, то ба истиқлолияти миллию давлатӣ расид. Албатта ҳар давлату ҷомеа ба душворию буҳрон дучор мешавад ва бо роҳҳои гуногун ин мушкилиҳоро ҳаллу фасл мекунанд. Дар кишварҳои ғарбӣ ва шарқӣ низ ҷангҳои дохилӣ ва задухӯрдҳою кашмокашиҳои ба хунрезиҳо оварда, кам набудаанд, вале табиати сулҳҷӯёна ва хислатҳои миллии тоҷикон, ки ҳамеша ба гузашт ва созиш моил аст, агарчи дар таърихи гузашта боиси аз даст додани манфиатҳои ҳаётӣ шуда буд, ин дафъа барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард. Ин як навъ дурандешӣ ва хирадмандиро ифода мекард. Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанонро, ки тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Сулҳи бадаст омада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати тоҷик ва иродаи неки ҳарду ҷониб буд. Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дӯст муяссар гардид.

Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва неруҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамояд. Зарур ба таъкид аст, ки дар зери мафҳуми “миллат” бояд танҳо ягонагии этникӣ, яъне ваҳдати танҳо тоҷикон фаҳмида нашавад, балки ваҳдати тамоми сокинони кишвар новобаста аз мансубияти миллию динӣ дар назар дошта шавад. Ваҳдати миллӣ, ба таври дигар, афзал донистани манфиатҳои миллӣ аз манфиатҳои шахсӣ, гуруҳӣ ва монанди инҳост, зеро ҳеҷ яке аз манфиатҳои шахсӣ ё гуруҳӣ дар алоҳидагӣ берун аз доираи манфиатҳои миллӣ вуҷуд дошта наметавонанд. Аз ин нигоҳ Ваҳдати миллӣ тарзи ҳастии миллат ба шумор меравад.

Боиси шукргузорист, ки бо шарофати Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонд ва боровар гардид, вале барои ҳифзи ҳамешагии он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии таҳкимбахши онро пайваста дар назар гирифтан, кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавононро дар рӯҳияи ватандустӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан аз зарарҳои ифротгароӣ ва маҳалгароӣ бохабар кардан вазифаи муқаддаси ватандории ҳар яки мо маҳсуб мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 2 августи соли 2011 санаи 27 июн қайд карда шуда, рӯзи ғайрикорӣ дониста мешавад. Имсол аз санаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон 27 сол сипарӣ мешавад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозанда ба тамоми мардуми кишвар шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон эътирофшуда дар кишвар таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид муҳайё гардад.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст ва пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд. Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмиллалӣ, доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмиллалӣ донистаанд. Дар давраи ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби таҳлуқа тела медиҳад. Бархӯрдҳои сиёсиву муборизаҳои гуруҳӣ далолат бар он доранд, ки мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем ва ҳамчунин дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намоем. Бинобар ин, моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – Ваҳдати миллиро пос нигоҳдорем ва дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоем.

Судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    Одиназода Ҷонфидо Халил

Напечатать страницу Напечатать страницу