18 ва 20 июни соли ҷорӣ роҳбари дастгоҳи суд тибқи супориши роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони гуруҳҳои корӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Куруш ва Хуррамзамин бо сокинони ин ҷамоатҳо мулоқот доир карда шуд.
Зимни вохӯриҳо қайд карда шуд, ки давлат ва ҳукумати мамлакат тамоми воситаву имкониятҳои мавҷударо ба хотири пешрафти ҳамаи минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳраку ҷамоату деҳот равона карда истодаанд, то ин ки барои шаҳрвандон шароити ҳарчи беҳтари кору фаъолият ва зиндагии арзанда муҳайё гардад.
Ёдовар гардид, ки Пешвои миллат зимни суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба роҳбарони ҳамаи вазорату идораҳо, сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, супориши қатъӣ доданд, ки дар давоми се соли дар пешистода, дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмину азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шаванд. Инчунин бунёди китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо оби босифати ошомидани таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва умуман, ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин, шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳои нав аз ҷумлаи корҳои ободоние мебошанд, ки ба истиқболи ин ҷашни бузургӣ миллӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон анҷом дода шаванд.
Дар ин хусус, бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таҳия ва амалӣ намудани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ барои дар сатҳи баланд омодагӣ ба таҷлили 30 солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон руйхати роҳбарони гуруҳҳои корӣ тасдиқ намуданд, ки онҳо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо таваҷҷуҳ ва хоҳишу дархости аҳолӣ ва ҷалби табақаи фаъоли ҷомеа ва соҳибкорони маҳаллӣ нақшаҳои тасдиқшавандаро амалӣ намоянд. Роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ ҳамчун роҳбари гуруҳи корӣ мувофиқи руйхати номбурда ба ноҳияи Спитамен вобаста карда шудаанд.
Бинобар ин, бомақсади иҷрои амри Пешвои миллат аз ҳисоби сармеъмор, кумитаи идораи замин, шуъбаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иҷтимоӣ, кор бо ҷавонон, занон, иқтисод, дигар роҳбарони воҳидҳои сохториии дахлдор, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ(прокурор, суд,амният, корҳои дохилӣ), роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ (ҲХДТ, шӯроҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон куҳансолон) гуруҳи корӣ тасдиқ карда шуда, барои омода намудани нақшаи чорабиниҳои се сола оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияи Спитамен муваззаф карда шуда буданд.
Инчунин ишора бар он карда шуд, ки дар роҳи рушду тараққиёти ҷамоатҳо Куруш ва Хуррамзамини ноҳияи Спитамен саъю талоши ватандӯстона ва заҳмати фидокоронаи сокинони он беандоза мебошад.
Бинобар ин, барои анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ дар ҷамоатҳои мазкур аз сокинон, фаъолони ва соҳибкорони дорои имконияти молиявӣ даъват ба миён оварда шуд.
Диққати иштирокчиён мулоқот оид ба риояи талаботи “Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҷалб карда шуда, ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, инчунин вобаста ба ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои экстремистию терористӣ изҳори нигаронӣ карда шуд.
Ғайр аз ин, 19 июни соли 2018 дар якҷоягӣ бо сармеъморӣ ноҳия аз иншоотҳои сохташаванда ва бинои мухталифи иҷтимоию фарҳангӣ, ки айни ҳол сохтмонашон идома доранд, боздид ба амал оварда шуд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу


