Доир ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва методология оид ба гузаронидани таҳлили фаъолият мизи мудаввар гузаронида шуд

Санаи 23 июни соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода З.Т., сарнозири Сарраёсати пешгирии коррупсиони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва Хатлон ҷиҳати таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ дар судҳои иқтисодӣ ва Нақшаи гузаронидани машғулияти семинарии кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2018 вохӯрии кормандони Агентӣ бо кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ доир ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва методология оид ба гузаронидани таҳлили фаъолият доир гардид.

Кори вохӯриро муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ  Аминзода З.Т. оғоз намуда пеш аз ҳама ҳузури ҳар як иштирокчии ин чорабиниро хайрамақдам гуфта, қайд карданд, ки Мақсад аз доир намудани чунин вохӯрӣ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба коррупсия ва хатари он дар байни кормандони дастгоҳи судҳо, иштироки фаъолона дар бораи решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб мебошад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ таъкид намуданд, коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам оварда дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа гардида, яке аз монеаҳои ҷиддии пешрафти ҷомеа мебошад.

Давлату ҳукумати мамалакат аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд, ки ба тавсиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2013  таҳти №1504 тасдиқ гардидани Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 яке аз тадбирҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар кишвари мо ба ҳисоб меравад.

Роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои сарвари давлат интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро дар сохтори судҳои иқтисодӣ бо риояи қонунҳои амалкунанда тавассути баргузор намудани озмун ба роҳ монда, барои тоза кардани сафи ин сохтор аз шахсони тасодуфӣ, риояи қатъии Кодекси одоби судяҳо ва Кодеки одоби хизматчии давлатӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, аз ҷониби  судҳои иқтисодӣ дар оянда низ тадбирҳои тақвиятбахш ва самарабар ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳолату амалҳои номатлуби коррупсионӣ идома дода мешавад.

Сипас намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷиди Абдукарим –  ва котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Азиззода Сангалӣ Зафар вобаста ба паҳлуҳои пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва методология оид ба гузаронидани таҳлили фаъолият маърӯза намуда, иштирокчиёни  вохӯрӣ доир ба мавзӯҳои матраҳгардида, мубоҳисаҳо намуданд.

Маркази марбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу