22-юми майи соли 2024 дар бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.01.2024, №47763(23-3), ҷиҳати муайян намудани ҳолати воқеии ҳамгироӣ оид ба рақамикунонӣ ва ҷараёни доду гирифти маълумот дар шакли электронӣ гузаронида шуд.
Дар вохурии мазкур муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода З.Т., муовини сардори раёсати ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳо Самадзода Б., муовини сардори раёсати коргузорӣ ва назорат Насруллозод С., мудири бахши омор ва ҷамъбасти амалияи судӣ Файзуллозода Х., мудири бахши иттилоот ва рақамикунонӣ Нусратуллоев С.А. ва муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода А.М., сардори сарраёсати баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳо Ҳотамзода Ҳ., сардори раёсати ситонидани қарзи андозҳо Бобозода Б., сардори раёсати технологияи иттилоотӣ Шарипов Х., директори КВД “МБМА” Бобоев Д. иштирок намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба масъалаҳои маблағгузорӣ, дарёфти шарикон, гузаштан ба судӣ электронӣ, таҳияи барномаҳои копютерӣ ва ташкил кардани марказӣ коркарди маълумотҳо диққати махсус зоҳир гардид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории мутақобиланд судманд изҳори сипос карда шуд, инчунин вохурии мазкур дар фазои ҳусни тафоҳум ба анҷом расида, ҷонибҳо вохӯриро хуб арзёбӣ намуданд.
Напечатать страницу