Ваҳдат пояи устувори давлат

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

“Барои ноил шудан ба рӯзгори босаодати мардум ва иҷрои нақшаҳои муҳими пешрафти кишвари маҳбубамон ҳамаи мо, яъне хурду бузурги Тоҷикистон вазифадорем, ки дастоварди бузурги таърихии халқамон истиқлолияту озодӣ ва ваҳдати миллиро гиромӣ дорем, онҳоро ҳифз намоем, ояндабину дурандеш бошем ва Ватани муқаддасамонро ба мисли модари азизи худ дӯст дорем”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷихати сиёсӣ ва ҳам аз ҷихати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Ваҳдат беҳтарин неъмат барои тамоми инсоният буда, он тамоми некию хубиҳои дунёро дар худ таҷассум намудааст. Зеро танҳо бо будани ваҳдат душворию монеаҳо паси сар мешаванд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва халқ орому осуда зиндагӣ менамояд.

Дар воқеъ Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, ки имрӯзҳо мардуми озоди кишвар меҳнати софдилонаи худро давом дода, ҳаёти хушбахтона гузаронида истодаанд. Аз ҷумла мо ҷавонони насли хушбахтарини ҷаҳонем, ки дар замони сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ менамоем ва аз ин иқболи баланди худ меболем. Бигзор ба бахти мо сулҳ пойдор бошаду осмон ҳамеша софу беғубор бимонад.

Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури Ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Ахтари наҳс аз сари мо рафт,
Ахтари саъд ёри мо омад.
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.

Дар охир бояд дарҷ намуд, ки чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва бо ифтихор метавонам гӯям. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ аст.

Аз ин рӯ, мо ҳама аз як гиребон сар бароварда дар пешрафти кишвари маҳбубамон камари ҳиммат бандем. Пайваста шукри онро намоем, ки тӯли се даҳсола ба дастовардҳои назаррасе ноил гардидем, ки таърихи миллатамон назирашро надидааст.

Аз ин лиҳоз, дар чунин шароит мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки мардуми кишвар, аз ҷумла ҷавонон ба қадри неъмати бузурги истиқлолияту озодӣ расанд. Сулҳу ваҳдати миллиро ҳамчун самараи даврони соҳибистиқлолӣ гиромӣ доранд ва барои ҳифзи ин дастовардҳои таърихӣ ҳамеша омода бошанд.

Тавре, ки шахсан Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту баромадҳояшон бо ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа борҳо таъкид кардаанд: “… дар ҷаҳони ноорому пурҳаводиси муосир ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ барои мардуми мо омили бунёдии дастовардҳои навин, татбиқи нақшаҳои стратегӣ, кафили боэътимоди амнияти давлат ва ҷомеа, зербинои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва шарти асосии пешрафти кишвари азизамон мебошад”.

Хулласи калом, ҳифзи ваҳдати миллӣ яке аз авомили муҳимми сулҳу амонии ҷомеаи муосир ва шаҳодати ҳастии миллат буда, танҳо дар сурате пойдору устувор боқӣ мемонад, ки ҳама қишрҳои ҷомеа, неруҳои сиёсӣ, мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ якдилу ба ҳам тавъам муттаҳид бошанд. Ба қавли шоир:
Арҷмандӣ халқро аз ваҳдат аст,
Ваҳдати ин хонадон ояд ҳаме!

Ёрдамчии муовини Раиси
Суди Олии иқтисодӣ                                               Гулмуродзода А.М.

Напечатать страницу Напечатать страницу