11-уми апрел – Рўзи байналхалқии озодшавии маҳбусони лагерҳои консентрасионии фашистӣ – Камолзода Р, Судяи СОИ ҶТ

Рӯзи байналхалқии озодшавии маҳбусони лагерҳои консентрасионии фашистӣ (бо англисӣ – International Day of Fascist Concentration Camps Prisoners Liberation)  – санаи фаромӯшнашавандаи таърихӣ, рӯзи мотам, ки ҳар сол 11-уми апрел барои поси хотираи маҳбусони лагерҳои консентрасионии фашистии Олмон (Германия)-и гитлерӣ дар давраи солҳои 1933-1945, то ва дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (солҳои 1939-1945), дар тамоми мамлакатҳои сайёра қайд карда мешавад.

Лагерҳои консентрасионӣ – ин макони дар ҳабс нигоҳ доштани оммаи калони одамон мебошад, ки бо сабабҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, нажодӣ, динӣ ва дигар омилҳо аз озодӣ маҳрум карда шудаанд. Чунин лагерҳо дар даврони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба таври васеъ аз ҷониби Олмони фашистӣ, ҳам дар ҳудуди худаш ва ҳам дар ҳудудҳои забтнамудааш истифода мегардид.

22-юми марти соли 1933 дар шаҳри Дахауи Олмон (кишвари Бавария, дар масофаи 17 километр аз ш. Мюнхен) якумин лагери консентрасионӣ ба фаъолият оғоз намуд. Солҳои минбаъда, фашистон шабакаҳои бузурги чунин лагерҳоро созмон доданд, ки тадриҷан ба маҳалли куштори мутташакили пайвастаи миллионҳо одамон табдил  ёфт.

Санаи таърихии мазкур аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид барои пос доштани хотираи шӯриши байналхалқии маҳбусон (маҳбусони сиёсӣ, зиддифашистон, асирони ҳарбӣ, аҳолии осоишта ва ғайра), ки 11-уми апрели соли 1945 дар лагери  миллатгароёни фашистии Бухенвалди шаҳри Веймари Олмон ба амал омада буд, муқаррар карда шудааст. Дар ин лагер, ки онро «лагери марг» меномиданд, аз соли 1937 то соли 1945 миллатгароёни фашистӣ зиёда аз 56 ҳазор одамон, намояндагони 18 миллат, аз ҷумла 19 ҳазор асирони ҳарбии шӯравиро маҳв намудаанд.

Аз 18 миллион маҳбусоне, ки дар шиканҷагоҳҳои лагерҳои консентрасионии фашистӣ, зиндонҳо ва гетто нигоҳ дошта мешуданд, 11 миллиони онҳо несту нобуд карда шудаанд. Аз ҷумлаи ҳалокшудагон 5 миллиони онҳоро шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва инчунин,              6 миллион яҳудиён аз мамлакатҳои гуногун ташкил медиҳанд. Иқтидори лоиҳавии танҳо як лагери консентрасионии Освенсим (Ҷумҳурии Полша) имконият  медод, ки дар як рӯз то 30 ҳазор маҳбусон маҳв карда шаванд. Қариб то 20 фоизи талафоти умумии одамон дар Ҷанги дуюми ҷаҳониро кӯдакон ташкил медоданд. Ҳар як панҷум маҳбус аз ҷумлаи кӯдакон буда, дар ин шиканҷагоҳу зиндонҳо зиёда аз 20 миллион одамон аз 30 мамлакатҳои  ҷаҳон нигоҳ дошта мешуданд, ки 12 миллиони онҳо озодиро надида,  дар маҳбас ба шаҳодат расиданд. Аз ин шумора на камтар аз 2 миллионро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ҳудуди Олмони фашистӣ, мамлакатҳои иттифоқчиёнаш ва сарзаминҳои истилогардида ба ғайр аз зиндону маҳбасҳо инчунин, 14 ҳазор лагерҳои консентрасионӣ амал мекарданд. Миллатгароёни фашистӣ маҳбусонро дар кӯраҳои ҷасадсӯзӣ (крематорияҳо) ва ҳатто, баъзан зинда ба зинда месӯзониданд, дар камераҳои газӣ заҳролуд мекарданд, дучори  азият намуда, таҷовуз мекарданд, гурусна нигоҳ дошта, бар замми ин, то аз худ рафтан маҷбуран кор мефармуданд, аз маҳбусону асирон барои сарбозони вермахт (қувваҳои мусаллаҳи Олмони фашистӣ) хун гирифта, нисбати онҳо озмоишҳои тиббӣ гузаронида, дар бадани маҳбусон доруҳои навро месанҷиданд. Мувофиқи эътирофи худи миллатгароёни фашистӣ, ҳар як маҳбус, ки давомнокии ҳаёташ дар лагер камтар аз як сол будааст, ба фашистон қариб якуним ҳазор марка (воҳиди пулии ҳамонвақтаи Олмон) фоида меовард.

11-уми апрели соли 1945 дар ҳудуди лагери  Бухенвалд, ки калонтарин лагери консентрасионӣ ба ҳисоб мерафт, шӯриши мусаллаҳона ба амал омад, ки онро худи маҳбусон ташкил намуда буданд. Ҳангоме, ки ба лагери консентрасионии Бухенвалд қӯшунҳои америкоӣ ворид гардиданд, шӯришгарон аллакай ин лагери маргро таҳти назорати худ гирифта буданд. Маҳз, бештар дар натиҷаи ҳамин омил нигаҳбонони лагер фурсат наёфтанд, ки осори ҷиноятҳои худро нест намоянд ва нишондоди маҳбусон то мурофиаи судии Трибунали байналхалқии Нюрнберг, ки соли 1946 баргузор гардид, рафта расид. Дар ин мурофиа Трибунали байналхалқӣ эътироф намуд, ки ҳабс намудани аҳолии осоиштаи давлатҳои хориҷӣ ва ҳамзамон истифодаи меҳнати иҷбории онҳо ба манфиати Олмон натанҳо ҷинояти ҳарбӣ, балки ҳамчунин ҷиноят ба муқобили башарият мебошад.

Дар ин рӯз, 11-уми апрел, дар бисёр мамлакатҳои дунё чорабиниҳои гуногуни хотиравӣ, мулоқоти собиқ маҳбусон, поси хотири ҳалокшудагон, арҷгузорӣ  ва  ёдбуди онҳо, гузоштани гулчанбарҳо ба оромгоҳҳо ва маҳалли дафни қурбониёни фашизм баргузор карда мешавад.

Таманно дорем, ки чунин падида такрор нагардида, дар таърих барои наслҳои минбаъда танҳо ҳамчун ёдгорӣ боқӣ монад. Руҳи поки ҳамаи он шахсоне, ки дар лагерҳои консентрасионӣ ба азият дучор гардида, ҷоми шаҳодатро нӯшидаанд, шод бод!

                               Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Р.

Напечатать страницу Напечатать страницу