Санаи 14 апрели соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия давоми семоҳаи якуми соли 2023 маҷлиси ҷамъбастӣ доир гардид.
Дар кори маҷлис муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси суди иқтисодии вилоят Мирзозода Парвиз, раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода ва масъулину намояндагони сохторҳои давлатии ноҳия иштирок намуданд.
Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи якум ҳисоботи муовини якуми Раиси ноҳия Насруллозода Ойбек шунида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен дар натиҷаи меҳнати аҳлонаи сокинон ва дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои муассирро амалӣ намуда, дар семоҳаи якуми соли 2023 дар самти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дастовардҳои муайянеро соҳиб гардид.
Таъкид гардид, ки дар семоҳаи якуми соли 2023 рушди соҳаи саноати ноҳия таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ маҷмӯъ мувофиқи ноҳия ба маблағи 152 млн. 277,8 ҳазор сомониро ташкил дода, 106,2 фоиз мебошад.
Кишоварзони ноҳия баҳри расидан ба яке аз ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо мақсади беҳтар гардонидани таъминоти бозори дохилӣ ва берунӣ софдилона меҳнат намуда, дар семоҳаи якуми соли 2023 ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ 100,4 фоиз маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд. Аз ҷумла дар соҳаи чорводорӣ 100,3 фоиз, растанипарварӣ 137,2 фоиз, моҳипарварӣ нисбат ба соли гузашта 2,3 баробар зиёд мебошад.
Гуфта шуд, ки кишоварзони ноҳия дар самти кишти пахта аҳлона меҳнат намуда, аз 6 ҳазору 400 гектар нақшаи пешбинишуда, ба ҳолати 12 апрели соли 2022 2628 гектар кишти пахтаро гузарониданд, ки 41 %-и нақшаро дарбар мегирад ва дар ин самт корҳо муташаккилона идома дорад.
Муовини Раиси ноҳия зимни ироаи ҳисобот аз рушду дастовардҳои соҳаи маориф низ зикр намуд. Бино ба маълумоти оморӣ, айни ҳол дар ноҳия 33 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 литсей, 3 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқат, 11 муассисаи томактабӣ, 1 интернати наздимуассисаи таълимӣ, маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, 1 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият мебарад.
Мустаҳкам намудани пояи моддӣ – техникии муассисаҳои соҳаи маориф, ҳифзи саломатии аҳолӣ, баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандон, хизматрасонии тиббию санитарӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дастгирии моддию маънавии шаҳрвандони ниёзманд, дастгирии ҷавонон аз мавзуъҳои дигаре буданд, ки перомуни он ҳисобот манзур гардид.
Бо вазифагузорӣ дар самти таъмини рушди соҳаҳо ва ислоҳи камбудиҳо маҷлиси ҷамъбастӣ ҳусни анҷом пазируфт.
