Дар доираи иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳалҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ҳамчунин барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани идҳои давлатӣ, 30 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи гулшинонӣ баогузор гардид.
Инчунин, бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандон баҳри тозаву озода ва назаррабо гардонидани гирду атроф дар суд шанбеги гузаронида шуда гирду атрофи бино аз баргу хазонҳо ва партовҳо тоза карда шуданд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу







