НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД – Судяи СОИ ҶТ Наимзода Б.Р.

Қобили қайд аст, ки мансаби Президентӣ – хоси шакли идораи ҷумҳурӣ аст. Танҳо дар шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ президент вуҷуд дорад ва он мансаби интихобӣ аст. Мансаби Президентиро дар замони Шуравӣ қобили қабул нашуморида, онро барои сохтори шуравӣ зарарнок медонистанд, гарчанде масъалаи дар Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис додани мансаби президентӣ ҳануз дар маъракаи муҳокимаи Конститутсияи соли 1936 пайдо шуда буд, дар оғози соли 1990 гузариш ба низоми идораи президентӣ падидаи мазкур дар давлатҳои шӯравӣ ҳатто дар сатҳи Конститутсия танзими худро ёфта буд. Дар он марҳила ҷомеаи пасошуравӣ дар чунин назар буданд, ки ин падида маҳаки муҳими мувозина ва боздоранда, ташкилу амали гардонидани ҳокимияти давлатӣ, агар ба як сухан гӯем маркази пайванди ҳокимияти қонунбарорӣ, иҷроия ва судӣ буда метавонад. Аз он ҷумла, пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, Конститутсия давраи соҳибистиқлолии кишвар қабул гардида боби алоҳида ба падидаи мазкур бахшида шуд.

Мувофиқи моддаи 64-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумщурии Тоыикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Тибқи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ва назарияи илми ҳуқуқ Президент ҳамчун Сарвари давлат шахси расмии мансабдор буда, дар табақабандии сохторҳои давлатӣ ҷои аввалро ишғол мекунад ва дар муносибатҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ намояндаи Олии давлат ба шумор меравад. Далели гуфтаҳои мо дар фасли 1 Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми августи соли 2016, №737 тасдиқ шудааст, аз низоми мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ дар ҷойи аввал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меистад.

Таърих гувоҳ аст, ки бунёди мансаби Президентӣ ба ниҳодҳои давлатдории Тоҷикистон 29-уми ноябри соли 1990 тибқи қонун қайд гардида, 30-юми ноябри соли 1990 аввалин Президенти Тоҷикистон – Қаҳҳор Маҳкамовро Шӯрои Олии ҷумҳурӣ интихоб кард. Дар муддати кутоҳ, Президенти аввалин ба истеъфо рафта, минбаъд Қадриддин Аслонов, Раҳмон Набиев, Акбаршо Искандаров иҷрокунандагони ин мансаб буданд, вале муҳлати роҳбарии онҳо кутоҳ буд. Аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тариқи овоздиҳии мустақим дар интихобот 24-уми ноябри соли 1991 интихоб гардид, Раҳмон Набиев буд, аммо дар натиҷаи воқеаю ҳодисаҳои сиёсӣ ба истеъфо рафта, минбаъд то ҷаласаи сессияи XVI аз 7-уми сентябри соли 1992 то 19-уми ноябри соли 1992 боз ин мансабро иҷрокунандаи вазифа ба зимма гирифт. Аз соли 1992 то 1994 ваколатҳои Президентро Раиси Шӯрои Олӣ иҷро мекард. Санаи 6-уми ноябри соли 1994 дар ҷумҳурӣ ду маъракаи муҳими сиёсӣ: қабули Конститутсия ва интихоботи Президент баргузор шуда, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби халқи шарифи тоҷик интихоб гардидаанд.

Бояд гуфт, ки қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди дигаргуниҳои нави ҷомеа дар Тоҷикистон марҳилаи навро ба миён овард ва онро дар замони соҳибистиқлолӣ метавон чун нишонаи муттаҳидӣ ва якпорчагии миллат арзёбӣ кард. Президенти кишвар дар заминаи талошҳо баҳри таъмини оромии кишвар, пойдории сулҳу салоҳ, таҳкими амнияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳим, пешбурди сиёсати хориҷӣ тавонист ба эътирофи бузурги умумимиллӣ мушарраф гардад.

Чунин эътироф аз бисёр ҷиҳат ба нуфузу эътибори шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, зеро ӯ миёни аҳолӣ чун шахсияте шинохта шудаанд, ки мардум ба ӯ ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат эҳтирому эътиқоди самимӣ дошта, садоқати ӯро эҳсос намуда, ҳамзамон боварӣ доранд, ки ӯ аз уҳдаи ҳалли тамоми масъалаҳое, ки имрӯз ҷомеа ба онҳо рӯ ба рӯ гаштааст, баромада метавонанд. Чунин боварӣ ба Эмомалӣ Раҳмон аз он ҷост, ки дар тӯли солҳои фаъолияташ танҳо ба ӯ муяссар гашт, ки ҳамаи кӯшишҳои фишори зӯроварӣ ба ҳокимиятро аз ҷониби неруҳои гуногуни сиёсӣ пешгирӣ намуда тавонистанд.

Бебаҳс, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошанд, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудаанд.

Бушубҳа, дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки миллату давлатро аз маҳву парокандагӣ эмин нигоҳ медоранд. Чунин шахсият дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, ки дар бораи шуҷоату фаъолияти давлатдории ӯ китобу мақолаҳо ва филмҳои зиёде пешкаш гардидаанд. Аммо Президенти кишвари мо имрӯз ниёз ба муаррифӣ надоранд. Ӯ шахсиятест, ки бо дили бузург ва садоқату иродаи қавӣ соҳиби эҳтирому ифтихори ҳамагон гардидааст.

Хотирнишон бояд сохт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси наҷиб ва фарзанди фарзонаи миллат пас аз рӯи кор омадан бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва талошҳои зиёди пайгиронаашон аз рӯзҳои аввали фаъолият, ки мамлакат дар вазъи ногувори сиёсӣ қарор дошт, сохторҳои фалаҷшудаи давлатиро аз нав эҳё намуда, тадриҷан оташи даргириро хомӯш карда, миллатро сарҷамъ, Тоҷикистонро аз хатари парокандашавӣ наҷот дод ва Истиқлолияти давлатиро ба маънои томаш таъмин кард ва бо ин роҳ ба сохтмони ҷомеаи навини халқи тоҷик оғоз бахшид.

Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои вазнин, аз аввалин рӯзи ба даст гирифтани роҳбарии давлат барқарории сулҳро дар Тоҷикистон ҳадафи асосии худ эълон кард ва мардумро дар дохилу хориҷ ба муттаҳид шудан дар атрофи падидаи Ваҳдат даъват намуд. Аз он ҷумла, савганд ёд карданд, ки “…кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард… мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…”. Ин самимият ва садоқат дар он марҳила ба халқи тоҷик зарур буд ва бо чунин суханони содиқона ба дилу дидаи мардум ҷой гирифтанд. Дар ҷараёни идораи давлат, Пешвои миллат савганди худро дар назди халқу Ватан пурра собит намуданд, зеро аз ибтидо хишти аввал рост гузошта шуда, ҳадафҳои стратегӣ, баромадан аз буҳрони сиёсӣ, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавиро дар пеш гирифтанд.

Бевосита, чунин ин нуктаҳоро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумщурии Тоыикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳояшон қайд намуда, таъкид месозанд, ки “Сарҷамъии миллат ва рушди устувору муназзами иҷтимоӣ аз ҷумлаи шаҳсутунҳои кохи муҳташами истиқлол ва сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва давлати тоҷикон мебошанд. Бақои миллат ва иқтидори давлат аз бардошту тавоноии ҳамин сутунҳо вобастаанд ва маҳз дарки ҳамин нуктаи олӣ миллати бостонии моро аз пошхӯрӣ эмин дошт..”.

Ҳамин тавр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни идораи давлат танзими хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷаҳониро ба назар гирифта, таъмини суботи сиёсиро вазифаи аввалиндараҷаи худ шуморида, тамоми ҳастии худро ба пешравии миллату давлат бахшиданд. Ин аст, ки мавқеъ ва нуфузи ниҳоди сарварии Пешвои миллат имрӯз дар арсаи байналмилалӣ эътироф гашт.

Дар маҷмуъ, мансаби Президентӣ самараи Истиқлолияти давлатӣ буда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин муддати кӯтоҳ тавонистанд, ки давлатро дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар ва дорои сиёсати дарҳои кушод, давлати фарҳангӣ ва дорои таъриху фарҳанги ғанӣ муаррифӣ намуда, давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ сохта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо карда, рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистонро таъмин намоянд. Зеро дар ҳар вохӯриҳояшон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эҳтироми сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, дастгирии ятимону маъюбон ва табақаи осебпазири халқи Тоҷикистон таъкид менамоянд.

Бояд гуфт, ки имрӯз мо дар ин семинари илмӣ ва амалӣ дар бораи Рӯзи Президент ва Президенти кишвар сухан мегӯем, ки ин ҳама шаҳодати озодӣ, оромӣ ва истиқлолияти мо мебошад. Дар ин равобит, мо уҳдадорем, ки ин рӯзро ҳамасола ботантана ва дар сатҳи олӣ бо самимияту эҳтироми хоса пешвоз гирифта, ба он арҷ гузорем.

Бинобар ин, аз фурсати муносиб истифода намуда, аз номи худ Шумо ва тамоми халқи тоҷикро ба ин рӯзи фархунда табрик карда, ба кулли ҳамватанон умри дароз, тани сиҳат, хотири ҷамъ, дили беғам ва дар корҳои ояндаашон комёбиҳоро таманно дорам.

Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимзода Б.Р.

Напечатать страницу Напечатать страницу