Дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ пурра ислоҳоти ҳуқуқӣ гузаронида шуд. Дар баробари пешрафти соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вазъи ҷомеа низ таѓйир ёфта, барои ба танзим даровардани муносибатҳои муҳимми ҷамъиятӣ зарурати қабули санадҳои нав ва ё ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда пеш меояд.
Васеъ будани амалия аз назария ва вазъи таѓйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба пешрафти ҷаҳони муосир имкон намедиҳад, ки қонунгузор ҳамаи нозукиҳои муносибатҳои ҷамъиятиро дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мукаммал, бидуни ихтилофҳои меъёрӣ, расмиёти маъмурӣ ва ѓайра пешбинӣ намояд.
Дар шароити муосир аксари кишварҳои ҷаҳон аз беҳсозии фазои сармоягузорӣ ҳамчун воситаи суръат бахшидан ба рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сифати он истифода мебаранд. Мақомоти давлатӣ дар чунин шароит ҳамчун субъектҳои талошкуниҳои рақобатнок барои сармоягузориҳо саъю кушиш мекунанд ва ба сармоягузорон “маҳсулоти” худро, ки “фазои сармоягузорӣ” мебошад, пешниҳод мекунанд.
Бо назардошти ин, ҳукумат дар ин самт ислоҳот оид ба беҳсозии фазои соҳибкорӣ ва сармоягузориро бо роҳи таҳкимдиҳии заминаи қонунгузорӣ, рушди низоми иҷрои қарордодҳо ва идоракунии корпоративӣ, таъмини ҳуқуқҳои молу мулкӣ, бартараф намудани монеаҳои маъмурии зиёдатӣ, аз ҷумла баланд бардоштани иқтидори сармоягузорӣ ва коҳишдиҳии хавфҳои сармоягузорӣ, идома медиҳад.
Самаранокии фазои соҳибкорӣ бештар аз фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста буда, бо таъсисдиҳии институти Омбудсмен оид ба ҳуқуқҳои соҳибкорон ҷиҳати ҳалли масъалаҳо дар сатҳи миллӣ пурзўр мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки вазъи ҳуқуқии сармоягузор вобаста аз моҳияти хусусӣ-ҳуқуқӣ муайян карда мешавад. Сармоягузорӣ яке аз намудҳои гуногуни фаъолияти соҳибкор мебошад, ки аз номи худ ва бо таваккали худ ба амал бароварда мешавад. Субъекти фаъолияти сармоягузорӣ метавонад ҳам шахси воқеӣ ва ҳам шахси ҳуқуқӣ бошад ва мутаносибан вазъи ҳуқуқии онҳо бо қонунгузории соҳибкорӣ муайян карда мешавад. Субъектоне, ки маблаѓгузор ҳастанд дар санадҳои ҳуқуқӣ ва адабиётҳо номҳои гуногун доранд: саҳмгузор, қарздиҳанда, саҳмдор, сармоягузор ва ѓ. Воқеияти сармоягузор шудани субъектро ҳангоме, ки он сармояро ҳамчун воситаи ба даст овардани фоида ба истеҳсолот мегузорад ва онро интизор мешавад, ҳамаи мутахассисон эътироф мекунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид ба амал оварда буданд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолии худ стратегияи ислоҳоти иқтисодию иҷтимоиро, ки ба бунёди асоси низоми нави иқтисодӣ ва таъмини сатҳи баланди некўаҳволии мардум равона карда шудааст, ба таври қатъӣ амалӣ намуда, диққати асосиро ба таъсиси дастгоҳҳои нави истеҳсолӣ дар соҳаи иқтисод, таҷдид ва фаъолияти самараноки корхонаҳои саноатии мавҷудбуда, ҷалби сармояи хориҷӣ, инчунин ҷорӣ намудани технологияи нав равона мекунад”. (Баромад дар Форуми соҳибкорон дар доираи Конференсияи 5-уми RECCA-V дар шаҳри Душанбе 26.03.2012с. ) .
Ҳолати болозикр боз як маротиба аз муҳимияти фаъолияти сармоягузорӣ дар бахши иқтисодиёти мамлакат дар умум бахши хусусии он гувоҳӣ медиҳад.
Барои дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар самти фаъолияти сармоягузорӣ зарур аст, ки асосҳои ҳуқуқии онро ба таври мукаммал муқаррар ва дар амал татбиқ намоем. Аз ин хотир, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими муносибатҳои сармоягузорӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул карда шудааст.
Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои сармоягузорӣ асосан мутобиқи чунин қонунҳо танзим мегарданд:
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» аз 28 феврали соли 2013, № 468;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» аз 15 марти соли 2016, № 1299.
Дар баробари қонунгузории хусусияти соҳавидошта, ки дар боло ишора гардиданд ҳамчунин баҳри татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии давлат дар ҷодаи сармоягузорӣ якчанд ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, аз ҷумла 1 консепсия ва 5 барномаҳои давлатӣ қабул карда шудаанд, ки ҳоло мавриди амал қарор доранд.
Аз ҷумла Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, № 358 тасдиқ карда шудааст (ҳоло амал карда истодааст).
Мушкилоти асосӣ дар соҳаи беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва шароити сармоягузорӣ аз омилҳои зерин иборат аст:
– маҳдуд будани бозори дохилӣ ва ҳамгироии заифи байналмилалии тиҷоратию иқтисодӣ, дурдастии бозорҳои калони истеъмолии ҷаҳонӣ ва роҳҳои асосии тиҷоратию нақлиётӣ;
– рушди нокифояи инфрасохтори истеҳсолӣ, мушкилоти мавсимӣ оид ба таъмини неруи барқ ва дигар омилҳои манфӣ;
– монеаҳои маъмурӣ дар роҳи пешрафти соҳибкорӣ ва мавҷуд набудани механизми худмаблағгузорӣ (иттиҳодҳои қарзӣ, ҷамъиятҳои суғуртавии мутақобила ва ғайра);
– вусъатдиҳии нокифояи инфрасохтори сармоягузорӣ (инфрасохтори бонкӣ, иттилоотию таҳлилӣ, машваратӣ ва дигар) ва камбудиҳо дар механизмҳои таъмини ҳуқуқҳои молу мулкӣ, инкишофи заифи муносибатҳои шартномавӣ;
-рушд наёфтани механизмҳои дастгирии молию қарзӣ ва суғуртаи хавфҳои соҳибкорӣ, ноустуворӣ дар бозори асъор ва равандҳои таваррумӣ;
– сатҳи пасти таъсирбахшии механизмҳои дастгирии давлатӣ ва танзими соҳибкорӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ;
– мураккаб будани тартиби воридоту содирот ва мавҷуд набудани ҳамкории зарурии минтақавӣ, бахусус дар соҳаи тиҷорат, транзит ва табодули иттилооти экологӣ;
– нокифоя будани алоқамандии лоиҳаҳои кумакҳои беруна бо афзалиятҳои чорабиниҳои миллӣ, стратегияҳои соҳавии барномаҳои рушди минтақавӣ.
Дар ин ҷода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки “Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати Тоҷикистон баҳри беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ҳоло дар кишвар зиёда аз 90 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи беш аз 4 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодаанд. Зерсохтори низоми иқтисоди бозаргонӣ, қабл аз ҳама, низоми нави молиявӣ босуръат ташаккул меёбад. Қонунҳои нави андоз, гумрук, ҳифзу ташвиқи сармоягузорӣ қабул шудаанд ва амал мекунанд. Қонунгузории амалкунандаи мо барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар намудааст”. (Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони доираҳои соҳибкорию сармоягузори Ҷумҳурии Арабии Миср 11.03.2022 с.).
Ҳамин тариқ аз таҳлил ва омўзиши мавзўи мазкур ба чунин хулосаҳо омадан мумкин аст:
1.Барои ба таври мукаммал ва ҳаматарафа мавриди танзим қарор додани фаъолияти сармоягузорӣ зарурат пеш омадааст, ки Кодекси сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул карда шавад. Зеро, санади кодификатсионӣ ва мураттабгардида, метавонад барои боз ҳам ба таври густурда рушд кардани соҳаи муайян заминаи меъёриро таъмин намояд. Ҳамчунин, раванди рушди низоми қонунгузории амалкунанда низ собит намуда истодааст, ки маҳз қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии кодификатсионӣ боиси тадриҷан кам гардидани мухолифат ва гуногунфаҳмиҳои қонунгузорӣ гардида, ба он мусоидат менамояд;
2. Дар ҳолати таҳлили қонунгузории амалкунанда дар самти сармоягузорӣ маълум мегардад, ки бештари санадҳои меъёрии зерқонунии пешбинигардида қабул нагардидаанд. Ҳолати мазкур яке аз ҷойҳои номукаммали механизми амалишавии дилхоҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буда, дар ҳолати қабул нагардидани онҳо талаботи муқаррароти меъёри қонун бе ҳаракат ва беамал боқӣ мемонад. Аз ин рў пешниҳод карда мешавад, ки санадҳои меъёрии зерқонунии дар қонунгузории сармоягузори пешбинигардида бо ташаббуси мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ҳамбастаги бо дигар мақомотҳои босалоҳияти давлатӣ таҳия ва қабул карда шаванд. Ҳолати мазкур метавонад барои ба таври мукаммал ва амалан танзим гардидани муносибатҳои сармоягузорӣ бевосита мусоидат намояд.
Асрорзода Зуҳуриддин,
Сардори раёсати ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Напечатать страницу