Ваҳдати миллӣ – ваҳдати тамоми мардуми Тоҷикистон аст

Имсол ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон бисту панҷ сол сипарӣ мешавад ва мардуми шарафманди бузӯрги миллати тоҷик ин Рӯзро мутобиқи қонун дар сатҳи давлату Ҳукумати мамлакат аз хурд то бузӯрг ҷашн мегиранд.

Қобили қайд аст, ки ба шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз миллати тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима баҳшида, ба марҳалаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини Ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии ҳалқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намоянд.

Ваҳдати миллӣ ҳамҷун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони эътирофшуда дар Тоҷикистони маҳбубамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрванди гузошта шавад ва барои андаке бошад ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Аз таърихи инсоният мо медонем, ки дар марҳалаҳои гуногуни зиндаги бинобар сабабҳо ва омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои таъминкунандаи ваҳдат халалдор шуда, боиси парокандаги ва ҳатто нобудшавии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо шудаанд.

Ба миллати тоҷик борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид карда, давлатҳои эҷодкардааш рӯ ба завол шуда, вале дар тӯли бештар аз ҳазор сол худро аз маҳвшавӣ наҷот дода, то ба истиқлолияти миллию давлатӣ расид.

Тавре таърих собит месозад, ба туфайли пирӯзии Инқилоби Кабирии Октябр ҳуқуқи миллати тоҷик барои давлатдорӣ эътироф гардид, гӯшае аз қаламрави қафомонда ва кӯҳистони дар ихтиёраш қарор гирифт. Муборизаи як гурӯҳи фарзандони шуҷоъи миллат ба пайдо шудани соли 1924 аввал Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва баъд соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон сабаб гардид, ҳарчанд аз мавзеҳое, ки худи ҳалқияти тоҷик дар он ҷойҳо ташаккул ёфта буд, бар асари номуттаҳидӣ ва хиёнатҳои дохиливу берунӣ ҷудо монд. Ба ҳар ҳол ин падида дар таърихи миллати тоҷик комёбии бузургтарин ва сарнавиштсоз буд, ки бе он Истиқлолияти давлатии имрӯзаи мо шояд номумкин буд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки таассуб, маҳалгароӣ, тангназариҳо дар шуури элитаи миллӣ ва динӣ ҷой дошт, вале сиёсати қавии давлатӣ ва ҳизбӣ дар замони Иттифоқи Советӣ онро боло рафтан намегузошт. Бинобар ин, хислатҳои манфии мазкур дар он солҳо ба ҳадди ифрот ва омили харобкунандаи зеҳни мардум табдил намеёфт.

Вале дар охирҳои солҳои 80-ум ва аввали 90-уми асри гузашта таҳти таъсири қувваҳои беруна омилҳои дохилие ба вуҷуд омаданд, ки барои ташаккули андешаҳои зиддидавлатӣ мусоидат мекарданд ва эҳсоси ифтихори миллӣ ва талаби адолати иҷтимоиро ба самти экстремизми сиёсию динӣ ва миллатгароию маҳалгарои равона менамуданд. Баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилҳо хеле авҷ гирифтанд.

Тавре ки ҳамаамон дар ёд дорем, аз рӯзҳои аввали соҳибистиклол гаштани Ҷумҳуриамон гурӯҳҳои алоҳидаи сустиродаи кишварамон таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву нерӯҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ қарор гирифта, Ҷумҳуриамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан ба кашмакашиҳои мусаллаҳона кашиданд.

Майдоннишиниҳои дар Тоҷикистон бавуҷудомада нақшаи фалаҷ кардани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, идорӣ ва маънавиро доштанд ва оқибат он ба фоҷиаи миллӣ овард.

Албатта, ҳар давлату ҷомеа ба душворию буҳрон дучор мешавад ва бо роҳҳои гуногун ин мушкилиҳоро ҳаллу фасл мекунанд. Дар кишварҳои ғарбӣ ва шарқи низ ҷангҳои дохилӣ ва задухӯрдҳою кашокашҳои ба хунрезиҳо оварда кам набуданд.

Ҷанги шаҳрвандие, ки шӯрӯъ гардид, натиҷаи тараққиёти ноҳамгуни иқтисодӣ дар минтақаҳои кишвар аз як тараф, омезиши омилҳои манфитарини маҳалгарои, мансабхоҳӣ, динӣ ва зиддикоммунистӣ аз тарафи дигар буд.

Вале табиати сулҳҷуёна ва характери миллии тоҷикон, ки ҳамеша ба гузашт ва созиш моил аст, агарчи дар таърихи гузашта боиси аз даст додани манфиатҳои ҳаёти шуда буд, ин дафъа барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард. Ин як навъ дурандешӣ ва хирадмандиро ифода мекард.

Ҷанги шаҳрвандӣ барои ҳоҷагии ҳалқи мо ҳисороти азимеро оварда, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор одамон гардид. Вобаста ба ин, дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».

Рӯзи аввали фаъолияти худ ба сифати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки «ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам».

Гирди як миз овардани гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф, муяссар шудан ба сулҳу субот ва ноил гаштан ба Ваҳдати миллӣ кори осон набуд. Абармарди миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои аввалиндараҷаро муайян карда, барои ҳалли он кӯшиш ба харҷ дод. Роҳбарияти мухолифин, пеш аз ҳама марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ низ вазифаи таърихии худро бо гузашти айём ба хуби эҳсос кард. Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми бузӯрг ва миллати тоҷик якдилона дастгирӣ карданд ва мо тавонистем, ки ба орзӯи деринаи худ-сулҳу субот дар Ватанамон комёб гардем ва бо азми қавӣ барои эъмори давлате, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мадди аввал қарор дошта бошад, саъю кӯшиш намоем.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши кулли дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҳалқи тоҷик гардид.

Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Сулҳи ба даст омада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати тоҷик ва иродаи неки ҳарду ҷониб буд.

Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дӯст муяссар гардид.

Бинобар ин, моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – Ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва нерӯҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Зарур ба таъкид аст, ки дар зери мафҳуми «миллат» бояд танҳо ягонагии этники, яъне ваҳдати танҳо тоҷикон фаҳмида нашавад, балки ваҳдати тамоми сокинони кишвар новобаста аз мансубияти миллию динӣ дар назар дошта шавад. Ваҳдати миллӣ, ба таври дигар, афзал донистани манфиатҳои миллӣ аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва монанди инҳост. Зеро ҳеҷ яке аз манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳӣ дар алоҳидаги берун аз доираи манфиатҳои миллӣ вуҷуд дошта наметавонанд.

Аз ин нигоҳ, Ваҳдати миллӣ тарзи ҳастии миллат ба шумор меравад.

Ба андешаи мо, чанд омил мавҷуд аст, ки Ваҳдати миллиро, ба хусус барои аҳли кишвари мо дучанд муҳим сохта, онро арзиши мутлақ мегардонад. Ин омилҳоро метавон ба ду қисм – хориҷӣ ва дохилӣ ҷудо намуд.

Ба омили ҳориҷи метавон ҳодисаҳои охири ҷаҳони имрӯзаро шомил сохт. Ба таври умумӣ метавон зикр намуд, ки заиф будани Ваҳдати миллӣ дар ин мамлакатҳо ба абарқудратҳо имкон дод, ки бо баҳонаи риояи аслҳои демократӣ ба ин мамлакатҳо сар халонанд ва бад ин васила бетартибию бенизомиро дар он минтақа боис гарданд. Бинобар ин, эҷод сохтани чунин шароитро аз тарафи абарқудратҳо дар дигар минтақаи олам набояд истисно намуд. Дар чунин ҳолатҳо дар атрофии роҳбарияти Ҳукумати мамалакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, нозукиҳои мушкилоти сунъиро эҳсос намуда, бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ба ин мушкилот назар андохтан айни ифодаи Ваҳдати миллӣ хоҳад буд.

Омили дигаре, ки метавон ба ин гурӯҳ дохил намуд, ин тақдири талхи мардуми афғон ва то имрӯз кашол ёфтани кашмакашу низоъ дар ин кишвар мебошад. Шахсе, ки худро соҳибақлу соҳибфазл меҳисобад, аз ин ҳодисаҳо сабақи таълимие бардошта, ҳамеша баҳри тақвият бахшидани Ваҳдати миллӣ саъю кушиш менамояд.

Ба омили дохилӣ бошад, аввалан, худи ҷанги шаҳрвандии кишварро метавон дохил намуд, ки зарарҳои моддию маънавии он барои миллати мо ҳамҷун бори гарон то ҳол эҳсос мешаванд. Сониян, хурд будани ҷумҳурӣ ва камшумор будани аҳолии он низ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки Ваҳдати миллиро махсус муҳим мегардонанд. Яъне хурд будани ҳудуди кишвар ва камшумор будани аҳолии он худ моҳиятан Ваҳдати миллиро тақозо менамоянд. Ба ҷумлаи омилҳои дохилӣ, инчунин яксон набудани сатҳи рушди шуур ва фарҳанги сиёсии аҳоли низ дохил шуда метавонад. Бояд қайд кард, ки омили мазкурро ба ҷумлаи омилҳои ҳалкунанда дохил кардан мумкин аст. Зеро масъалае, ҷун дарки зарурати Ваҳдати миллӣ, аз Ваҳдати миллӣ вобаста будани тақдир ва ояндаи миллат ва амсоли онҳо худ сатҳи баланди рушди шуур ва фарҳанги сиёсиро тақозо менамоянд.

Дар муддати бисту панҷ сол, ки аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сипари мешавад, Ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонд ва боровар гардид. Вале барои ҳифзи ҳамешагии он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии таҳкимбахши онро пайваста дар назар гирифтан, кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан аз зарарҳои ифротгарои, маҳалгароӣ, мансабпарастӣ бохабар кардан вазифаи муқаддаси ватандории тамоми ҷомеа, махсусан роҳбарони сатҳҳои гуногун маҳсуб мешавад.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иктисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳанги ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи ҳудро пайдо кардааст. Пояҳои Истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд.

Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Президенти кишвари соҳибистиқлоламон Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи ҳуд бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамҷун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд. Бояд қайд кард, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби таҳлука тела медиҳад. Тамоми донишмандони инсонпарвар ва сиёсатмадорони дурандеш аз ин ҷараён дар ташвишанд. Воқеаҳое, ки бо номи «инқилобҳои рангин ё худ маҳмалӣ» машҳур гаштаанд, ба мардум ва ҳукуматҳои он давлатҳо ба ивази демократия мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро ба вуҷуд овардааст. Механизмҳо ва василаҳои амалисозии ин инқилобҳо ба воқеаҳои Тоҷикистони мо хеле монанд ҳастанд.

Бархурдҳои сиёсиву муборизаҳои гурӯҳи далолат бар он доранд, ки мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем ва ҳамҷунин дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намоем.

Дар ин раванд сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар, бахусус, мақомоти судиро зарур аст, ки бештар аз ҳама дар ҳифзи арзишҳои истиқлолияту Ваҳдати миллӣ фаъол бошанд. Феълан мақомоти судии кишвар ҷиҳати таъмини адолати томи иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, муассисаю корхона ва ташкилоту созмонҳо ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидаанд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ татбиқ ва ислоҳоти судӣ марҳала ба марҳала амалӣ мегардад. Дар ҷараёни татбиқи ин барнома бо назардошти рушди ҷомеа, механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини волоияти қонун, эҳтироми инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он ҳамҷун арзиши олӣ тадриҷан ташаккул меёбанд. Дар ҳамин ҳол, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқи яке аз вазифаҳои асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳокимияти судӣ ба ҳисоб меравад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт, 26 июни соли 2019, бо ёдоварӣ аз таърихи даврони соҳибистиқлолӣ ва истиқрори сулҳу ваҳдат, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон таъкид доштанд, ки “рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ – 27 июни соли 1997 барои мо, воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад”. Ба таъкиди Сарвари давлат, «бо гузашти солҳо мо амиқан дарк кардем, ки ваҳдати миллӣ
омили муҳимтарини рушди ҷомеа, шарти асосии пешрафти иқтисод ва иҷтимоиёту фарҳанги мардуми мо ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии худ мешуморем. Имрӯз бисёр зарур аст, ки мо андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни боэътимоди истиқлолият ба яке аз ғояҳои давлатдории миллӣ табдил диҳем ва онро миёни наврасону ҷавонон ҳамчун шарти асосии бақои амнияти ҷомеа ва пойдории давлат васеъ тарғиб кунем».

Дар остонаи ин рӯзи фархундаву муборак устодон ва кулли кормандони мақомоти судӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, барояшон хушбахтиву сарбаландӣ ва саодати доимии рӯзгорро таманно менамоям. Орзуманди онам, ки хуршеди сулҳу ваҳдат ва муҳаббату бародарӣ бар фарози Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол то абад тобанда бошад.

Муовини сардори Раёсати таъмини ташкили

кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳо Самадзода Б.Қ.

Напечатать страницу Напечатать страницу