Санаи 4 апрели соли 2022 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъмини иҷрои супоришҳои протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сазовор ҷашн гирифтани 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди аввалини аъзоёни гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид.
Дар Ситоди корӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, ки тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2022, таҳти №АП-174 ба ноҳияи Спитамен ҳамчун роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба таҷлили жашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ таъин карда шудаанд, иштирок намуданд. Ҳамчунин дар Ситоди корӣ муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аъзоёни гурӯҳи кории Ҷамоатҳо, соҳибкорон, имомхатибон, роҳбарони муассисаҳои маориф, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Дар Ситоди корӣ масъалаҳои рафти иҷрои нақшаи андоз дар семоҳаи якуми соли 2022 ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва саноат ба ҷамъбасти семоҳаи якум, рафти иҷрои дурнамои кишти пунбадона мувофиқи хоҷагиҳои кишоварзӣ ва вусъат додани корҳои саҳроӣ ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ва муаррифии аъзоёни гурӯҳи кории Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баррасӣ гардид.
Қайд гардид, ки бо мақсади таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, таҳти №311 «Дар бораи ҷашн гирифтани 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расидааст. Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 30 марти соли равон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки истиқлолият яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик мебошад, аз ин ру баҳри гиромидошти муқаддасоти сарзамини аҷдодӣ ва таҷлили бошукуҳи он бояд тадбирҳои мушаххас амалӣ гардад.
Дар ин раванд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен низ як қатор корҳои омодагиро ба нақша гирифтааст ва ҳоло қарори Раиси ноҳияи Спитамен аз 10 марти соли 2022, таҳти №137 «Дар бораи ҷашн гирифтани 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуда, тибқи он ҳайати кумитаи тадоррукот тасдиқ гардидааст.
Дар рафти Ситоди корӣ масъалаҳои вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати ин ҷашни умумимиллӣ бо ҷалби аҳли ҷомеа, махсусан соҳибкорону шахсони саҳоватманд, ҳамчунин тибқи барқияи ҳукуматӣ расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, вусъат додани корҳои ниҳолшинонӣ, таҳлили вазъи муассисаҳои соҳаи маориф, тундурустӣ ва фарҳанг низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Пас аз ба охир расидани Ситоди корӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ва раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода аз рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнӣ боздид ба амал оварданд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу




