Қонунҳои миллӣ кафили рушди давлат ва зиндагии шоистаи мардум – Ҳусейнзода О

Қонунҳои миллӣ кафили рушди давлат ва зиндагии шоистаи мардум.

            Ҳарчанд дар назди таърих 30 сол на чандон тӯлонист,  вале дар ин муддат кишвари азизамон ба пешрафти зиёде комёб гардид. Аз ҷумла, низоми қонунгузории мамлакат низ сол то  сол такмил ёфта истодааст. Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати дониш, баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ, маърифати иҷтимоӣ ва иқтисодии аҳолӣ пайваста қонунҳои нав ба нав таҳия гардида, ба қонунҳои амалкунанда давра ба давра тағйиру иловаҳо ворид мегардад. Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо” бо ташаббуси  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст, ки аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишвар бо рӯҳбаландӣ пазируфта шуд. Ҳамчунин бо Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо”,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардиданд, ки ба манфиати ҷомеа мебошанд. Инчунин, таваҷҷуҳи Роҳбари давлат  боиси беҳтар шудани нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром ба шаъну шарафи инсон гардида, ба сатҳи зиндагиву маърифатнокии ҷомеа таъсири мусбат расонидааст. Дар банди 2 моддаи 5-уми  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” омадааст, ки  Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад. Волидайн ҳар қадар бештар ба тарбия ва сатҳу саводнокии фарзанд таваҷҷуҳ намоянд, ҷомеа ҳамон андоза пеш меравад, неруи инсонӣ тақвият меёбад ва мушкилоти оилаву ҷомеа камтар мешавад. Зарур аст, ки насли ояндасози миллатро ҷиҳати ҳифзи истиқлолу озодӣ , амнияту давлат, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ роҳнамоӣ карда барои бунёди давлати пешрафтаву соҳибтамаддун ва дунявию демократӣ беш аз пеш талош варзем. Вобаста ба ин дар моддаи 8 сархатҳои 5, 11, 13 ва 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” зикр гардидааст “фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ инчунин,ё бартарии манфиатҳои миллӣ аз шахсӣ тарбия намоянд, кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён халалдор намудани ороми истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯчаҳо, хиёбонҳо майдонҳо, муассисаҳои фароғатӣ дохили нақлиёт, хобгоҳҳои манзили зист, дигар ҷойҳои ҷамъияти ва муносибати таҳрибкоронаи фарзандро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд.

Бояд ҷавононро аз дину фарҳанг, таъриху тамаддун ва расму оини миллӣ бохабар сохта, дар зеҳни онҳо ҳурмати падару модар арҷгузорӣ ба арзишҳо ва муқаддасоти миллиро шакл диҳем. Дар он сурат ягон нохалаф наметавонад бо ақидаҳои ифротгароёна онҳоро гумроҳ намояд. Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми Президенти кишвар аз 19-уми декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020-2040 “Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2021-2025 қабул карда шуд. Илова бар ин, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасон, ҷавонон, олимону муҳақиқон ва устодону омӯзгорон ҳар сол озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони “Илм фурӯғи маърифат” гузаронида шавад. .Озмунҳои қаблӣ аз ҷумла, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва Фурӯғи субҳи донои китоб аст” нуқтаи бисёр муҳимро собит намуданд. Дар байни наврасону ҷавонон истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем. Бинобар ин зарур аст, ки ташкил ва баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, маблағи барои ҷоизаҳои пешбинигардида зиёд карда шаванд. Ҳадафи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум, дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстию ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ мебошад. Зимнан дар шароити ҳозира шабакаҳои иҷтимоӣ воситаҳое мебошанд, ки инсонро новобаста ба сину сол ҷалб мекунанд. Зарур аст, ки дар оила ва муассисаҳои таълимӣ нисбат ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои истифодаи оқилонаи онҳо тибқи қонунгузории мамлакат тадбир андешанд. Дар маҷмуъ қонунҳои миллие, ки аз ҷониби Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пешниҳод ва ба имзо расидаанд , иқдоми муҳиму саривақтӣ маҳсуб шуда, кафили рушди илму маориф ва зиндагии шоистаи сокинони кишварамон мебошанд.

Ҳусайнзода Оиша –мутахассиси  пешбари  Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Напечатать страницу Напечатать страницу