Бобати амалӣ гардонидани дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 марбут ба роҳандозӣ намудани қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе бармеояд, 12 феврали соли 2022 аз ҷониби муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода З.Т., судя Нуридинӣ Нурулло ва роҳбари дастоҳи суд Қаҳҳорзода Ҷ. тибқи талаботи қисми 7 моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шаҳсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” бо мақсади ҳалли бевосита муроҷиатҳо ва дар ин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ қабули сайёри шаҳрвандон дар ноҳияи Қабодиёни вилояти Хатлон ба роҳ монда шуд.
Зимни қабули сайёр шаҳрвандон сокинони маҳалли ҳамин ноҳия, аз ҷумла: Маҳмадаминов Аъзамҷон Маматович истиқоматкунандаи ҷамоати У.Назаров, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Қиёмиддин”, Матеева Мавҷуда истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти 20 солагии истиқлолияти давлатӣ ва Лучаков Тоҷиддин Роҳбари хоҷагии деҳқонии (фермерии) “Тоҷиддин” истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Носири Хисрав арзу муроҷиатҳои номбурдагон дар ҷояш баррасӣ гардида, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои онҳо маслиҳатҳои муфид ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Қобили қайд аст, ки Лучаков Т. чандин маротиба ба Суди Олии иқтисодӣ, инчунин тавасути Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон такрор ба такрор муроҷиат намудааст, ки дар натиҷа ба ӯ муҳтавои қабули санадҳои судӣ фаҳмонида дода шуд.
Ҳамзамон, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қабодиён бо мақсади шарҳи нуқтаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 21 декабри соли 2021 роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ дар маҷлиси васеи кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва умуман фаъолони ноҳияи Қабодиён ва дигар ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти худидораи маҳаллии ноҳияи Қабодиён ширкат варзида, нуқтаҳои Паёми Пешвои муаззами миллатро шарҳ доданд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу











