Ҷавонон ҳамчун ояндаи Ватан дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ҷавонони ватандӯст, меҳанпараст, забондон, кӯшишманду боғайрат ва соҳибмаърифати Тоҷикистон дар Паёми ҳарсолаи Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдрас карда шуда, ин қишри ҷомеа ҳамеша бо самти асосии фаъолият, ҷойгоҳ дар ҷомеаи навини тоҷик ва дастовардҳои худ мавриди назар қарор гирифта, барои онҳо ҳамасола ҷиҳати аз бар намудани илму дониш ва соҳибкасб гардидан шароитҳои назаррас муҳайё карда мешавад.

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар баробари ҳамаи самтҳо, фаъолияту комёбӣ ва пешрафти ҷавонони ватан зикр гардида, як қатор тадбиҳои дигар барои пешрафти ҷавонон ва ноил гардидани онҳо ба сарфарозиҳои нав ба нав хотирнишон карда шуданд.

Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ қайд карда шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст. Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдод барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд.

Инчунин, зикр гардид, ки дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ва амалисозии стратегияву барномаҳо дар зарфи солҳои истиқлолият дар мамлакат беш аз 3,3 миллион ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, шароити зиндагии сокинони мамлакат тадриҷан беҳтар гардида истодааст. Тадбирҳои андешидашуда, аз он шаҳодат медиҳанд, ки Роҳбари давлат ҳамеша дар фикри ҷавонон буда, ҷиҳати соҳибкасб гардидани онҳо ва таъмин гардиданашон бо ҷойҳои корӣ доимо ғомхорӣ зоҳир менамоянд.

Ба ғайр аз ин, Роҳбари давлат ҷавононро ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат ҳисобида бори дигар бо ифтихор иброз доштанд, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд. Қайд намуданд, ки мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем.

Президенти мамлакат дар Паёми навбатӣ итминони комил доштанашонро ҷиҳати иштироки фаъолонаи ҷавонон дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин, муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки мо дар ҳазорсолаи сеюм ва асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо, яъне дар асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд, зиндагӣ дорем ва барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад, зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад. Такроран хотирнишон сохтанд, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад.

Дар Паёми навбатӣ ҳадафи баргузории озмунҳои “Илм–фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон–Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва олимпиадаву озмунҳои гуногун ҳамчун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз иброз карда шуданд.

Пешвои миллат иброз намуданд, ки касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад. Мо насли ояндасозро минбаъд низ бо истифода аз тамоми имкониятҳо дастгирӣ мекунем.

Дар баробари чунин ғамхориҳои пайваста ҷавонони бонангу номус, худогоҳу худшинос ва фарҳангдӯсту меҳанпарасти ватанро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, бо истифодаи оқилона аз шароитҳои муҳайёгардида, аз бар намудани дониши замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир, донистани забонҳои хориҷӣ ҳарчӣ бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки дар рушди Ватани азиз саҳми худро гузоранд ва ба боварии Роҳбари давлат сазовор бошанд.

Котиби марҳилаи якуми Раёсати коргузорӣ ва назоратӣ Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Д.А.

Напечатать страницу Напечатать страницу