Нишасти матбуоти доир ба натиҷаи фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021

Санаи 22 июли соли 2021 дар толори Суди Олии иқтисодӣ ҷиҳати таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 таҳти № АП-1729 ва Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти  Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021. нишасти матбуоти бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.

муовини Раиси Суди Одии иқтисодӣ Комилӣ Файзалӣ ба кори нишасти матбуотӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба фаъолияти судҳои иқтисодӣ бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 ба ҳозирин маълумоти мухтасар манзур намуд.

Натиҷаи омўзиш ва таҳлили омори фаъолияти судӣ дар самти ба амалбарории адолати судӣ собит месозад, ки нимсолаи аввали соли равон дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 2081 (1851) адад парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардидааст. Аз ҷумла, бо баровардани ҳалнома 925(796) парванда, истеҳсолот доир ба 70(56) парванда қатъ карда шуда, 110(74) аризаҳо бебаррасӣ мононда шудааст. Қабули 5 (12) ариза рад ва 341 (318) арзу дархостҳо бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шудаанд. Дар суди марҳилаи кассатсионӣ 163 (207) ва дар суди марҳилаи назоратӣ 151 (135) парванда баррасӣ карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ вайронкунии муҳлат бо 16 ё 0.7%(19 ё 0,9%) парвандаҳо ба амал омада, дар давраи ҳисоботӣ сарбории судяҳо 2081 (1851) ададро ташкил додааст.

Дар давраи ҳисоботӣ зимни муроҷиат бо аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо) ба судҳои иқтисодӣ шахсони воқеиву ҳуқуқӣ 1 175 753 (1 891 434) сомонӣ ба буҷети давлат боҷи давлатӣ пардохт намудаанд.
Доир ба рўёнидани маблағҳои зарар ва қарзҳои бонкӣ дар ҳамин давра ба маблағи 153 149 195 (446 115 202) сомонӣ талабот арз гардида, аз он 118 101 265 (339 836 011) сомонӣ талаби даъво қонеъ гардида, ба маблағи 2 497 327 (1 645 107) сомонӣ боҷи давлатӣ рўёнида шудааст. Оид ба рўёнидани ин маблағҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ варақаи иҷро ирсол шудааст.
Қобили қайд аст, ки дар натиҷаи ҳамкорӣ бо Хадамоти иҷро ва дигар муассисаву ташкилотҳо тибқи маълумоти дастрасгардида дар давраи ҳисоботӣ иҷрои санадҳои судӣ ба андозаи 60 799 891 (39 150 800) сомонӣ (бо дар назар доштани иҷрои санадҳои судии солҳои 2016-2020) воқеан ҳамчун маблағҳои боҷи давлатӣ ва маблағҳои зарару қарзҳои кредитӣ таъмин карда шудааст.
Судҳои иқтисодӣ 151(122) парвандаҳоро дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ намуда, доир ба парвандаҳои баррасигардида 172 (129) таъинотҳои хусусӣ бароварда, барои чораҷӯӣ ирсол карда шудааст.

Дар ин давра 11(12) ҷамъбасти амалияи судии баррасии парвандаҳо гузаронида шуда, 12 (8) пешниҳод ба мақомоти дахлдор ирсол гардидааст. Ғайр аз ин, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба аҳолӣ фаҳмонидани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ва пешгирии қонунвайронкуниҳо 4 мурофиаҳои таълимии судӣ оид ба баррасии парвандаҳо тавассути телевизиони Тоҷикистон дар барномаи «Мурофиа» ба намоиш гузошта шудааст.

Ҳамзамон, тариқи телевизион ва радиои марказию маҳаллӣ, дар вохўриву мулоқот бо аҳолӣ 401 (469) маротиба баромадҳо, дар матбуот ва сомонаҳо 157(137) мақолаҳои илмиву оммавӣ ба чоп расонидаанд. Коҳиш ёфтани баргузории мурофиаҳои сайёри судӣ ва мулоқоту вохўриҳо бо аҳолӣ бо вазъи паҳншавии бемории сироятии COVID-19 рабт дорад.

Бобати иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шартномаҳои байналмилалӣ бармеоянд, нимсолаи якуми соли равон ба судҳои иқтисодӣ ҳамагӣ 7(6) супориши судӣ ворид гардида, онҳо тибқи тартиби муқарраршуда мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Ғайр аз ин, дар давраи мазкур ба судҳои иқтисодӣ 4 (2) дархост дар бораи эътироф кардан ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ (арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва судҳои ҳакамӣ) вориду баррасӣ гардидааст.

Баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллиамон 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор намудани як қатор чорабиниву ҳамоишҳоро тарҳрезӣ карда, то ин дам дар бинои судҳои иқтисодӣ корҳои ободонӣ, гўшаву утоқҳои нав рўи кор омаданд.

Судҳои иқтисодӣ ҳидоятҳои Пешвои миллатро доир ба дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон, бепарасторон ва оилаҳои аз офатҳои табии зарардида пайгирӣ намуда, ба гуруҳи ниёзманди аҳолӣ мадад намуданд. Чунончӣ, дар арафаи Иди рамазон ба ду нафар маъюбон, ба хизматчиёни Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар мавзеи Санҷидзори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маводи озуқаворӣ, ба осебдидагони Ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлолияти ноҳияи Вахш 15 тонна оби ошомиданӣ бо зарфҳои пластикии барои нигоҳдории об бо ғунҷоиши 550 литр, ба хонаи кӯдакони №1-и шаҳри Душанбе маҳсулотҳои гуногун ва дар арафаи ҷашни Наврузи байналмилалӣ ба оилаҳои камбизоати ноҳияи Спитамен маводи озуқа кумакҳои моддӣ расонида шудааст.

Маркази матбуоти СИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу