Даъват барои иштирок дар нишасти матбуотӣ

Тибқи Нақшаи тасдиқгардида оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2020 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон аз 15 сентябри соли 2011 №АП-1729 санаи 22 июли соли 2021 соати 11:00 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Фотеҳ Ниёзӣ 37 ошёнаи дуюм нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021 баргузор мегардад.

Ташрифи намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба қайд гирифта шудаанд (аккредитация) интизорем

Хоҳишмандон метавонанд маълумоти муфассалро оид ба фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ пас аз ба анҷом расидани нишасти матбуоти аз сомонаи мазкур дастрас намоянд.

Напечатать страницу Напечатать страницу