Санаи 15 июни соли 2021 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 122 ба номи М. Султонзодаи ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 123 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мутахассиси пешбари Раёсати таъмини ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳо Шарифзода Х. А. бо хонандагон ва омӯзгорони мактаби миёнаи мазкур дар мавзуҳои «Дастовардҳои даврони Истиқлолият», «тероризм ва экстримизм ва оқибатҳои ногувори он» баромад намуд.
Шарифзода Х.А. дар суҳбат қайд намуд, ки Истиқлолият дастоварди беназирест, ки миллати тоҷик дар охирҳои асри бист ба он соҳиб шуд.
Баъд аз ба даст овардани мустақилият, ҳама соҳаҳои ҳаётан муҳим бемайлон рушд намуда, натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Ва бо файзи истиқлол ҳама соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсии кишвар густариш ёфта, сабаби пешрафти ҷомеъаи тозабунёди тоҷикон гардиданд.
Пушида нест, ки дар дунё миллатҳое хастанд, ки барои бадаст овардани истиқлолияти хеш асрҳо меҷанганд то давлат ва парчами миллии худро дошта бошанд.
Ва дар ин ҷода Точикистон ҳам истисно нест. Зеро мусаллам аст, ки миллати тоҷик низ баҳри ба даст овардани мустақилияти хеш хисороту талафоти молию ҷонии зиёдеро аз сар гузаронид, ки ин дар рушду нумуи минбаъдаи давлати тоҷик зарбаи сахте буд.
Вале хушбахтона халки тоҷик бо дастгири ва рохбарии сарвари кордони хеш тавонист дар як муддати кутох душвортарин мархилахоро пушти сар намуда,дар қатори дигар кишварҳои мамолики дунё бо доштани парчами давлатии худ мавкеи хосае пайдо намояд.
Ҳамчунин доид ба мавзӯи тероризм ва экстримизм ва оқибатҳои ногувори он, гаравидани ҷавонон ба ин гуруҳҳо баромад намуда изҳор дошт, ки «Имруз терроризм ва экстримзм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини саёра таҳкид карда, барои башарият хатари накамтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Напечатать страницу