Созандагӣ ва бунёдкорӣ: Аз нав таъмир ва рангубори майдончаи варзишӣ

Марбут ба иҷрои протоколи №1/30-4  машварати  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2020 ва банди 28 нусха аз протоколи  маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2020, №13 вобаста ба таъмир кардани майдончаҳои варзишӣ, иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ ва майдончаи варзишӣ аз нав таъмир ва рангубор карда шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатии мазкур дар пайгирӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кормандонӣ Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи ҳашару ташкили шанбегиҳои ҳарҳафтаина бо маблағҳои хайриявӣ ва дастгирии соҳибкорон санаи 5 майи соли 2018 дар  шаҳраки  14, воқеъ дар кӯчаи  Владимир Маяковский, назди   биноҳои   истиқоматии 6/2, 6/3, 36 ва 38-и  ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба маблағи 1 280 710 сомонӣ дар майдони 3453,7  м2 сохта ба истифода дода шуда буд.

Он аз майдончаи варзишии универсалӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол дар масоҳати 540 м2, майдончаи бозию дилхӯшии кӯдакон дар масоҳати 390,4  м2, гӯшаи машқу тамрини бадан, ки бо тамоми дастгоҳу лавозимоти зарурӣ муҷаҳаз гардонида шудаанд, инчунин таввақуфгоҳ дар масоҳати 284,7 м2  бунёд гардидааст. Ҳудуд ва атрофи майдонча сабзкорӣ шуда, дар ду ҷониб ва ҳудуди иншоот нишасткурсиҳо ва 2 адад айвон – суҳбатгоҳ насб гардидааст. Дар доираи корҳои кабудизоркунӣ ниҳолҳои ороишӣ, дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва гулҳои садбаргу мавсимӣ шинонида шудааст, ки ин мавзеъро боз ҳам зебову назаррабо менамояд.

Иншооти мазкур дар давоми се соли истифодабари дастгоҳу лавозимотҳояш фарсудаву корношоям гашта буданд. Бо мақсади иҷрои супориши болозикр дастгоҳу лавозимотҳои иншоот пурра азнавсозӣ, таъмир ва рангубор карда шуда, инчунин ба воситаи ташкили ҳашару шанбегиҳо бо мақсади нашъу намои хуб майдони дарахтон ва гулгаштҳо  аз алафҳои бегона тоза ва зери гулу дарахтон нарм карда шуда, ба сокинони маҳал барои истифодаи супорида шуд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу