Санаи 15-17 апрели соли 2019 бо мақсадӣ иҷрои Қарори Раёсати Суди Олии иқтисодӣ дар бораи ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодӣ барои соли 2018 ва банди 6-и нақшаи кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2019 аз ҷониби гуруҳи корӣ дар ҳайати Судяҳои Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Парвиз, Саид Суҳроб, Раҷабзода Парвина ва мудири бахши кадрҳо Шарофзода Далер ва Азизи Ҷалолиддин, Нуриддинӣ Нурулло ва мутахассиси пешбари раёсат Вализода Фаррух , ки фармоиши раиси суд тасдиқ карда шудааст, ба судяҳои судҳои иқтисодии ВМКБ ва вилояти Суғд ёрии амалӣ расонида, фаъолияти ин судҳои иқтисодӣ санҷида шуд.
Гуруҳҳои корӣ фаъолияти судҳои иқтисодии ВМКБ ва вилояти Суғдро бобати риоя намудани қонунгузории мурофиавии иқтисодӣ зимни баррасии парвандаҳо, дар муҳлатҳои муқарраршуда омада намудани санадҳои судӣ ва протоколҳои маҷлиси судӣ оид ба парвандаҳо мавриди санҷиш қарор дода,ҳамчунин ба судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои номбурда ёрии амалӣ расониданд. Аз натиҷаи расонидани ёрии амалӣ ва натиҷаи санҷиш иловатан маълумот ирсол карда мешавад.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу
