Тарғиби “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористиву ифротгароӣ”  ва “Стратегияи муқовимат бо коррупсия”

Санаи 16 апрели соли ҷорӣ мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Далер дар рафти расонидани ёрии амалӣ ва санҷиши фаъолияти суди иқтисодии вилояти Суғд бо кормандони суд дар мавзуъҳои “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористиву ифротгароӣ”  ва “Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020”, вохӯрӣ доир намуд.

Зимни баромад Шарофзода Далер ёдовар шуд, ки Пешвои миллат ҳангоми суҳбар дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” қайд намуданд, ки “Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.

Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд”

Инчунин қайд гардид, ки дар Судҳои иқтисоди Барномаи дохилиидоравии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсиия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2020” амал менамояд, ки Мақсадҳои асосии Барнома ин баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ, муносибати содиқонаи кормандон, поктинатӣ дар фаъолияти корӣ, таҳкими интизоми хизматӣ, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини иҷрои меъѐрҳои рафтори зиддикорупсионӣ, шаъну эътибори ҳокимияти давлатӣ, таъмини шароити хуби иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

Дар идома Шарофзода Далер доир ба мавзуҳои зикргардида бо кармандон суҳбат гузаронид.

Маркази матбуоти СИО ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу