12 августи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид.
Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам сараввал ба интизоми меҳнатии кормандони суд диққат дода, таъкид доштанд, ки интизомӣ меҳнатӣ аз ҷонибӣ кормандон ба таври қатъи риоя карда шуда, сари вақт дар ҷойи кор ҳозир шаванд.
Инчунин доир ба иштироки фаъолона дар машғулиятҳои забономӯзӣ ва вайрон накардани рафти дарсҳо супоришҳои мушаххас дода шуд. Ба раёсати коргузорӣ ва назорат оид ба сари вақт ба қайд гирифтани аризаҳо ва супоридани онҳо ба шахсони масъул супоришҳо дода шуд.
Ҳамзамон ба сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳо доир ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ дастурҳои мушаххас дода шуда, диққати судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро доир ба иҷрои дақиқи вазифаҳои хизматӣ ва роҳ надодан ба омилҳои коррупсионӣ таъкид карда шуд.
Напечатать страницу

