Вохӯрии судманд бо кормандони КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” – и ноҳияи Шаҳринав

07 августи соли 2024 бо мақсади дар амал татбиқ намудани Соли маърифати ҳуқуқӣ, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, дар бинои КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” – и ноҳияи Шаҳринав, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода Қ.Қ. ва ёрдамчии муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ Гулмуродзода А.М. бо кормандони корхонаи мазкур вохӯрӣ баргузор карда шуд.

 

Дар вохӯрии мазкур судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода Қ.Қ. дар назди ҳозирин доир ба яке аз мавзуҳои мубрам: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуданд.

Вохӯрии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, иштирокчиён ба суолҳои худ посух гирифтанд.

Напечатать страницу Напечатать страницу