Маърифати ҳуқуқӣ омили зиндагии шоистаи мардум

Дар ҳар ҷомеаи мутамаддин ва режими идораи демократӣ Сарвари давлат аз дастовардҳои соли ҷорӣ натиҷагирӣ намуда, барои солҳои оянда ҳадаф ва вазифаҳои мушаххасро мегузорад. Паёми Сарвари давлат, суҳбати рӯ ба рӯ ва самимӣ бо мардуми кишвар, тантанаи давлатдории миллӣ ва татбиқи орзуву ормонҳои таърихии мардуми кишвар мебошад. Сухани Пешвои миллат ба ҳар як шаҳрванд ҳидоят ба роҳи нек, роҳнамоӣ ба ояндаи созанда, таъкиди ваҳдат ва дарёфти мақоми хоссаи Тоҷикистон дар саҳнаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар маҷмуъ, Паём дастурамали зиндагии шаҳрвандон, барномаи мукаммали кории тамоми сохторҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва роҳнамои мардум ба сӯйи ояндаи дурахшони Тоҷикистон буда, ҳадафи асосии ироаи он таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар мебошад.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 яке аз нақшаҳои татбиқи ин ҳадафи воло пешниҳод гардид. Ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар кишвар Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Мусаллам аст, ки бе иштироки шаҳрвандони фаъол, ки аз ҳуқуқҳои худ бохабаранд, бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайриимкон аст. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад, ба асли риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф ва муқаррар намудааст. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, аз равандҳои рушд ва таҳаввул дар ҷомеа канор намонда, баръакс барои фатҳи зинаи навбатӣ бо такя ба соҳибҳуқуқӣ ва фаъолмандии худ такон мебахшад.

Албатта, эълони соли маърифати ҳуқуқӣ аз мушкилот дар дарки ҳуқуқ, риояи қонун ва татбиқи ҳуқуқҳои аҳолӣ шаҳодат намедиҳад. Дар ҷаҳони пуртаззод маърифати ҳуқуқӣ на танҳо муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат, балки таъмингари нуфузи он дар саҳнаи ҷаҳонӣ мебошад. Имрӯз ҳар як шаҳрванде, ки аз ҳудуди кишвар берун меравад, аз миллату давлат намояндагӣ менамояд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки сатҳи донистани меъёрҳои ҳуқуқӣ, риояи он ва талош барои таъмини онҳо баланд бардошта шуда, заминаи эътирофи воқеӣ дар арсаи ҷаҳонӣ гардад. Аз ҷониби дигар, аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон маҳз бо дарки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсию ҷамъиятӣ ба болотарин сатҳи рушд ва зиндагӣ расиданд. Ин рушди устувор дар асоси ширкати фаъоли ҳар як шаҳрванди аз нигоҳи ҳуқуқӣ соҳибмаърифат дар таъмини фаъолияти самараноки соҳаҳои гуногуни давлатдорӣ ба даст омадааст.

Ҳамзамон, моҳияти умумииҷтимоии ҳуқуқ ба таври мушаххас дар фаҳмиши он ҳамчун меъёри озодӣ ифода меёбад. Инсон дар доираи ҳуқуқҳои худ озодона амал мекунад ва қонун озодии инсонро аз ҳама гуна амалҳои манфӣ ҳифз менамояд. Аммо, надонистани қонун ҷавобгариро аз байн намебарад.

Ҳар як фарди ҷомеа бояд зарурати риояи бечунучарои қонунро амиқ дарк намояд ва итоат ба қонун бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад. Ҳанӯз чандин садсола пеш мутафаккири бузурги юнонӣ Ситсерон гуфта буд: “Агар хоҳӣ озод бошӣ, ғуломи қонун бош!”. Яъне, озодӣ, пеш аз ҳама, масъулият аст.

Шахси соҳибмаърифат дар самти ҳуқуқ пеш аз ҳама ҳуқуқҳои худро медонад, барои татбиқи самараноки онҳо талош намуда, арзишҳои ҳуқуқии дигаронро низ риоя менамояд. Ба чунин арзишҳо озодӣ, адолат, баробарӣ, кумаки мутақобила, яъне арзишҳое дохил мешаванд, ки дар доираи чорчӯбаи қонун ва ахлоқ амал менамоянд. Дар айни замон муҳимтарин арзишҳои демократӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон озодӣ, ҳуқуқи инсон ва сулҳу суботи давлат мебошанд.

Яке аз омилҳои мушкилоти ҷавонон, афзоиши хушунат дар заминаи арзишҳои бегона надонистани фарҳанги истифодаи технологияҳои муосир ва аз ҳама муҳим дарк накардани масъулияти ҳуқуқӣ ва оқибати амалҳои номатлуб мебошад. Бо дарназардошти ин ҳолат, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва худшиносии ҳуқуқӣ, ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ва шуури ватандӯстӣ, таҳқим ва беҳдошти ҳолати ҷисмонӣ, кушиш ба тарзи ҳаёти солим ва пешгирии ҷинояткорӣ яке аз вазифаҳо маҳсуб меёбанд, ки дар заминаи соли маърифати ҳуқуқӣ муайян шудаанд.

Татбиқи самарноки онҳо ба ташаккули маърифати ҳуқуқӣ мусоидат намуда, устувории рафтори ҳуқуқии ҷомеа, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани ҷавобгарии ҳуқуқиро фароҳам меорад, ки метавонанд яке аз усулҳои самараноки масъулияти ҳуқуқӣ ва рушди устувори ҷомеа гардад. Ин омил ҳар як шаҳрвандро бетараф нагузошта на танҳо дар таъмини ҳуқуқҳои худ, балки риояи он ҳамчун шарти асосии зиндагии шоиста роҳнамоӣ месозад.

Барои таъмини иҷрои самараноки ҳадафҳои гузошташуда тавсеаи дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, инчунин масъулияти ҳар як шаҳрванд дар донистани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандӣ зарур мебошад. Ҷомеаи тоҷик, ки даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва маҳрумиятҳоро паси сар намудааст, медонад, ки маҳз волоияти қонун, ташаккули касбият, фаъолияти пурсамари мақомотҳои давлатӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омили рушди давлатдорӣ, кафолати амният ва ҳуқуқи шаҳрвандон, заминаи тадриҷии эҳёи иқтисод ва зиндагии шоистаи мардум гаштаанд.

Бинобар ин, мебояд татбиқи чораҳои мазкур дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон танҳо бо соли ҷорӣ анҷом наёфта, хислати бардавом ва устуворро касб намояд. Зеро маҳз дар заминаи болоравии мақоми инсон, ҳуқуқҳои он, дарк ва риояи ҳуқуқ ва қонун кафолати зиндагии шоиста дар ҷумҳурӣ ва эътирофу эҳтиром дар арсаи ҷаҳонӣ ба даст меояд.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар атрофи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, баҳри баланд бардоштани маърифату масъулияти ҳуқуқии ҷомеа ва ба ҳамин васила таъмини зиндагии шоиста талош намоем.

Мудири бахши иттилоот ва рақамикунонӣ  Нусратуллоев С.А.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу