ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА НОМАИ ТАҚДИРИ МО

Тамоми рӯйдодҳое, ки дар таърихи ин ё он миллату давлат падид меоянд,  аз истиқлоли комили сиёсӣ, иттиҳодӣ, ягонагӣ, якпорчагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштагӣ, сулҳу ваҳдат сарчашма мегиранд ва дар рушди ҷомеа нақши боризу абадӣ мегузоранд. Ба ғайр аз ин, дар таърихи ҳар як миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише вуҷуд доранд, ки барои наслҳои оянда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат менамоянд.

Чунин саҳифаи заррин барои миллати тоҷик имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар таърихи 27-уми июни соли 1997 мебошад. Ин санад оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик маҳсуб меёбад, ки ҳар сол фарорасии ин санаи таърихиро мардуми шарафманди тоҷик бо ифтихору шодмонӣ ва шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил менамоянд.

Ҳоло тантанаи ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбарандаи сиёсати давлат буда, дар таърихи мардуми мо, барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлоли комили давлат, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллиро чунин шарҳ додаанд: “Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст”. Воқеан ҳам, ваҳдати миллӣ беҳтарин неъмат дар ҳаёти инсон, иттиҳодӣ, омили рушди босубот, таҳкими давлат, наҷоти миллат, ҳастии инсон  дар ҳар замину замон маҳсуб меёбад.

Мавриди зикр аст, ки барои ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ гуфтушунидҳои зиёд дар кишварҳо ва шаҳрҳои гуногун ба миён омада буданд. Фосилае, ки аз эълони истиқлоли давлатӣ то баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон гузашт, фарогири шаш марҳалаи муҳиму сарнавиштсози таърихӣ аст:

Марҳалаи аввал, аз моҳи сентябри соли 1992 то моҳи ноябри соли 1992 (то Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба шумор меравад, ки дар ин давра муборизаи қувваҳои гуногун барои ба даст овардани ҳокимият, оғози ҷанги таҳмиллии шаҳрвандӣ, беҳокимиятӣ ва бесарусомонӣ дар кишвар идома дошт.

Марҳалаи дуюм, солҳои 1992-1993 ва гирифтани пеши роҳи оташи ҷанги шаҳрвандӣ, пайдо шудани фазои боэътимоди якдигарфаҳмӣ ва оштии миллӣ буд.

Марҳалаи сеюм, аз соли 1994 бо гузоштани пояҳои низоми нави давлатдорӣ, баргузор шудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, аҳамияти амалии музокироти миёни тоҷикон ва баргардондану ҷо ба ҷо намудани фирориён ба маҳали зисти доимиашон, ташаккули пояҳои давлатдорӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ, тезондани раванди оштии миллӣ, ташаккулёбии сиёсати хориҷии кишвар, болоравии нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ оғоз шуд.

Марҳалаи чорум, соли 1995 то нимаҳои соли 1996 буда, оғози дигаргунсозиҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ба анҷом расондани раванди бозгашти иҷбории фирориён ба шумор меравад.

Марҳалаи панҷум, солҳои 1996-1997 марҳалаи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ буд.

Марҳалаи шашум аз 27-уми июни соли 1997 то ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон – Рӯзи Ваҳдати миллӣ то ба имрӯз аст.

Дар баробари ин, хотирнишон намудан ба маврид аст, ки дар ин росто 24 вохӯрӣ, 8 давраи гуфтушунид баргузор шуд, ки давраи якуми гуфтушунид аз 5-уми апрел то 19 -уми апрели соли 1994  дар шаҳри Маскав баргузор гардид. Давраҳои дигари музокирот дар шаҳрҳои Кобул, Алма-Ато, Теҳрон, Хосдеҳ (Афғонистон), Маскав, Машҳад ва Бишкек баргузор гардиданд. Дар ниҳоят бо талошҳои Пешвои муаззами миллат Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расида, хатари фурӯпошии давлат пурра аз байн бардошта шуд.

Айни ҳол, дар шароити ҳассоси имрӯзи ҷаҳон ҳар як шаҳрванди кишварро ҳушёрӣ мебояд, ки ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам амалӣ арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намуда, барои пойдорию мустаҳкамкунии рукнҳои давлатӣ талош варзанд.

 Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикичстон Мирзозода Рустам Пираҳмад

 манбаъ:(https://jumhuriyat.tj/bahsho/3578-vadati-mill-va-nomai-tadiri-mo.html)

Санаи нашр: 18.06.2024 №: 114

 

Напечатать страницу Напечатать страницу