Дар ҳама давру замон зани тоҷик бо хираду офаридгорӣ, меҳру муҳаббат, самимият, тамкину сабр, иффату ахлоқи ҳамида ҳамчун тарбиятгару бунёдкор нерӯи созандаи ҷомеаро роҳнамоӣ мекард. Ин аст, ки ҷомеа нақши созандаи зан-модарро эътироф намуда, пеши қудрати ӯ сари таъзим фуруд меоварад.
Даврони соҳибистиқлолӣ дар назди мо, занону модарон, рисолати пурмасъулияти ватандорию ватансозиро пеш гузоштааст. Ин рисолати муҳими таърихӣ аз мо тақозо менамояд, ки қарзи фарзандии худро содиқона адо намуда, дар тарбияи насли худшиносу худогоҳ саҳми босазо дошта бошем.
Натиҷаҳои экспертизаи гендерӣ нишон медиҳад, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаҳое, ки бевосита ё бавосита ҳуқуқ ва озодиҳои занонро маҳдуд мекарда бошанд, яъне аз рӯи ҷинс ба табъиз роҳ медода бошанд, вуҷуд надоранд.
Бояд қайд кард, ки дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Албатта ин иқдоми сарвари давлат занони соҳибкори ҷумҳуриро бе тафовут намегузошт. Занони соҳибкори ҷумҳурӣ ҳамеша иқдомҳои сарвари давлатро роҳнамои худ қарор дода, дар партави он фаъолияти худро роҳандозӣ менамоянд.
Яке аз самтҳои муҳими Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 ин расидан ба баробарии гендерӣ дар соҳаи иқтисодиёт, ба дастрасии баробар ба захираҳои молиявӣ тавассути қарздиҳӣ, рушди соҳибкорӣ байни занон равона шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти соҳибкории занҳо ин машѓулияти иҷозатдодашуда ва ҳавасмандгардонидашудаи давлатӣ буда, зуҳуроти нав дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир ба шумор меравад. Ҳуқуқи занон ба фаъолияти соҳибкорӣ асоси конститусионӣ дорад, яъне ҳар кас метавонад қобилият ва моликияти худро барои ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти бо қонун манънашуда истифода намояд. Принсипи машѓул шудан ба ҳама гуна фаъолияте, ки қонун манъ накардааст, фаъолияти озоди соҳибкорӣ ва иқтисодиро низ дар назар дорад. Ҳамзамон дар Конситутсия ҳақ доштани ҳар кас ба меҳнат ва интихоби касбу кор дарҷ карда шудааст (қ.1 м.35).
Имрӯз давлат ва ҳукумат ҷиҳати рушди соҳибкории занҳо заминаи хеле мусоид фароҳам оварда, ба ҳар фарди Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар ин бахш собиткорона фаъолият намоянд. Далели чунин гуфтаҳо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки мақсад аз қабули қонуни мазкур муайян намудани субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, тартиби бақайдгирии онҳо, ҳимоя ва дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, ҷавобгарӣ барои монеаи ѓайриқонунӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.
Проблемаҳои беҳгардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Дар таъмини иштироки васеъи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» нақши муҳим мебозад.
Инчунин як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидааст, ки бевосита ба вазъи ҳуқуқии занҳо бахшида шудааст. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017, № 158 Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022; бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “29” майи соли 2010, № 269 Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020; бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2002, № 384 Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ барои солҳои 2002-2005 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд.
Фармони Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, №5 яке аз ҳуҷҷати асосӣ барои мо занон мебошад. Ин санад бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан ва солим гардонидани генофонди миллӣ, болоравии нақши зан дар таҳкими пояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат таҳия гардидааст.
Санади ҳуқуқие, ки барои баробарҳуқуқии мардону занон аҳамияти калон дорад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, № 89 мебошад.
Дигар санади меъёрии ҳуқуқие, ки дар рушди соҳибкорӣ, аз он ҷумла соҳибкории занон нақши муҳим дорад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии сохибкорӣ» дар таҳияи нав аз 26 июли соли 2014 № 1107 мебошад.
Новобаста аз қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд ва дастгириҳои давлат дучор гардидани занҳои соҳибкор ба баъзе мушкилиҳо ба мушоҳида мерасад.
Дучор гардидани занҳои соҳибкор ба мушкилиҳо дар фаъолияти корӣ ин надонистани қонунҳои амалкунанда ва истифода набурдан аз ҳуқуқҳояшон мебошад.
Бояд дар назар дошт, ки ҳар як зан, аз ҷумла соҳибкорзан ҳуқуқ ба ҳимояи судиро дорад.
Вале таҷрибаи суди иқтисодӣ нишон медиҳад, ки на ҳама вақт занони соҳибкор барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ ба суд муроҷиат менамоянд.
Напечатать страницу