Эълон: Озмун Барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

1.Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 8 ҷой
– Ёрдамчии муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ– 1 ҷой, маоши вазифавӣ – 1914,65 сомонӣ
– Ёрдамчии судяи Суди Олии иқтисодӣ – 2 ҷой, маоши вазифавӣ – 1914,65
-Сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ -1 ҷой, маоши вазифавӣ – 1743,00 сомнӣ
– Мутахассиси пешбари раёсати коргузорӣ, назорат ва омори судӣ -1 ҷой, маоши вазифавӣ – 1352,90 сомонӣ
– Мутахассиси пешбари раёсати ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ ва баррасии муроҷиатҳо -1 ҷой, маоши вазифавӣ – 1352,90 сомонӣ
– Мутахассиси пешбари шуъбаи муҳосибот ва таъминоти моддию техникии судҳо – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 1352,90 – сомонӣ
– Котиби марҳилаи кассатсионии раёсати коргузорӣ, назорат ва омори судӣ -1 ҷой, маоши вазифавӣ – 1112,20 сомонӣ
2. Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон
– Котиби маҷлиси судӣ – 3 ҷой, маоши вазифавӣ – 962,80 сомонӣ
3.Суди иқтисодии вилояти Суғд
– Сардори шуъба – 1 ҷой, маоши вазифавӣ – 2011,50 сомонӣ
4. Суди иқтисодии шаҳри Душанбе
– Котиби маҷлиси судӣ – 1 ҷой, маоши вазифавӣ – 962,80 сомонӣ
– Котиби суд – 1 ҷой, маоши вазифавӣ – 962,80 сомонӣ

Талаботҳои тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби ёрдамчии муовини Раис ва судяи Суди Олии иқтисодӣ:
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ (ба довталабони ин вазифа, ки забони хориҷиро медонанд, бартарӣ дода мешавад);
– донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– лаёқати таҳлил ва ҷамъбасти амалияи судӣ;
– малакаи бо қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кор кардан;
– одоби муошират бо ҳамкорон ва шаҳрвандон;
– на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ; – таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
– доштани на камтар аз 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ.
Ба донандагони забони хориҷӣ афзалият дода мешавад.

Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
– таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал як забони хориҷӣ (муоширати озод);
– донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– кор карда тавонистан бо компютер;
– дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошанд.
Ба донандагони забони хориҷӣ афзалият дода мешавад.

Талаботҳои тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахасси пешбар:
– таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
-1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал як забони хориҷӣ (муоширати озод);
– донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– кор карда тавонистан бо компютер;
– дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошанд.
Ба донандагони забони хориҷӣ афзалият дода мешавад.

Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби котиби марҳилаи кассатсионии раёсати коргузорӣ, назорат ва омори судӣ:
– таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал як забони хориҷӣ (муоширати озод);
– донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; –
– кор карда тавонистан бо компютер;
– дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошанд.
Ба донандагони забони хориҷӣ афзалият дода мешавад.

Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати Суди иқтисодии вилояти Суғд:
-таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
-5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; -дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
– донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал як забони хориҷӣ (муоширати озод);
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– кор карда тавонистан бо компютер;
– дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошанд.
Ба донандагони забони хориҷӣ афзалият дода мешавад.

Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби котиби маҷлиси судӣ ва котиби суд:
– таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал як забони хориҷӣ (муоширати озод);
– донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– кор карда тавонистан бо компютер;
– дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошанд.
Ба донандагони забони хориҷӣ афзалият дода мешавад.

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад
– Ариза ба унвонии Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (маълумоти шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ, аниқу фаҳмо нишон дода шаванд);
– Тарҷумаи ҳол (чопӣ ва дастӣ);
– Нусхаи шиноснома (намунаи соли 2014) агар ному насаб иваз карда шуда бошад, шаҳодатномаи ивази ному насаб;
– Диплом ва нусхаи он бо замимааш;
– Расм (3х4 ранга 4 дона ва 4х6 2 дона);
– Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (дар мавриди доштани собиқаи меҳнатӣ);
– Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда(РМА);
– Эъломия дар бораи даромадҳо ва ваъзи молу мулки худ;
– Маълумотномаи ҷойи истиқомат ва оилавӣ;
– Маълумоти тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);
– Нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
– Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ (талоқ);
– Маълумотнома дар бораи доғи судӣ надоштан;
– Ҷузвдон (скорошиватель)
– Лифофа

Ҳуҷҷатҳо аз тарафи комиссияи қабул, дар нишонии шаҳри Душанбе, кўчаи Ф.Ниёзӣ-37, дар бинои Суди Олии иқтисодӣ то санаи 11 июни соли 2023 қабул карда мешаванд.

Номзадҳо метавонанд доир ба шартҳои озмун маълумоти иловагиро тариқи телефони 2 27 86 26 дастрас намоянд.

Напечатать страницу Напечатать страницу