Спитамен: Боздид аз иншоотҳои ҷашнӣ

Пас аз ба охир расидани Ситоди корӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ва раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нуъмонзода аз як қатор иншоотҳои ноҳияи Спитамен дидан намуданд. Ин ташаббус ҷиҳати таҳким бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳри сазовор таҷлил намудани 35 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ба масъулин ҷиҳати сифатнок ба роҳ мондани

корҳои сохтмонӣ ва вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 35 солагии истиқлоли давлатӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Масъулин муваззаф шуданд, ки иншоотҳои ҷашниро дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд намуда, корҳои созандагиро таҳким бахшанд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу