Спитамен: созандагиву бунёдкорӣ таҳким меёбад

Санаи 6 апрели соли 2022 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди олии иқтисодӣ муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ бо фаъолонаи ҷамоатҳои деҳоти Т. Улҷабоев ва Истиқлол мулоқот намуд.
Дар доираи мулоқот як қатор масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, таҳкими корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзӯи меҳварии вохӯрӣ буд.
Таъкид гардид, ки истиқлоли давлатӣ олитарин дастоварди халқи тоҷик маҳсуб ёфта, ҳифз ва арҷгузорӣ ба он вазифаи ҳар як сокини Тоҷикистон аст.
Аз ин рӯ, ҷиҳати дар сатҳи арзанда ва бо дастовардҳои арзишманд пешвоз гирифтани 35 – умин солгарди истиқлоли давлатӣ бояд корбарӣ ҷоннок карда шавад.
Масъулин вазифадор шуданд, ки дар ин самт фаъолияти худро тақвият бахшида, баҳри сифатнок анҷом ёфтани иншоотҳои ҷашнӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу Напечатать страницу