23 Феврал – Рӯзи Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон

Артиши миллӣ мактаби умумимиллӣ мебошад, ки аз сафҳои он қисми солимтарини миллат, ҷавонони бо нангу номуси мо сарбаландона мегузаранд. Фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахсони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, руҳан солиму ба Ватан содиқ, бунёдгарони фаъоли давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, дунявӣ ва демократӣ шуда метавонад. (Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам […]


Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024

Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ як ҳодисаи муҳим дар ҳаёти сиёсии кишварамон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Олӣ аъзоёни Ҳукумат, сарварони мақомоти Олии судӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони дигар […]


Артиши миллӣ-омили пойдории давлат

“Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ифодагари истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, иродаи қавии мардуми кишвар, матонату мардонагӣ ва ватандӯстиву ватандории фарзандони бонангу номуси он ба ҳисоб меравад, ҳар сол дар саросари мамлакат бо ифтихору эҳсоси баланди миллӣ таҷлил мегардад”. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи […]


Интихобот падидаи асосии рушди ҷомеаи демократӣ

Дар воқеъ, интихобот чун чорабинии сиёсӣ яке аз омили марказии ҷомеаи демократиро ташкил дода, ба шаҳрвандон имкони иштирок дар идоракунии давлатро фароҳам меоварад.Ҷомеаи демократӣ интихоботро ҳамчун муҳимтарин воситаи амалисозии ҳокимият бо иштироки халқ муаррифӣ месозад.Интихобот шакли асосии таҷассуми соҳибихтиёрӣ, воситаи муҳими таҷассуми демократия, ташкили мақомоти гуногуни давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ мебошад.Интихобот робитаи ногусастанӣ байни шаҳрвандон […]


Интихобот – омили рушди давлати демократӣ

Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон оғози марҳилаи нави таърихӣ гардид, ки ташаккули давлатдории мустақилро таъмин намуд. Дар ин замина интихоби роҳи демократии рушд зарур буд, то ки ҳангоми ташаккули ҳокимияти сиёсӣ иродаи мардум ба назар гирифта шавад. Бо ин мақсад, низоми нави сиёсӣ ба вуҷуд омад ва дар доираи он ниҳоди интихобот ҳамчун механизми татбиқи арзишҳои […]


Вохӯрии судманд бо кормандони ШВКД дар ноҳияи Варзоб

17-уми феврали соли 2025 дар ноҳияи Варзоб таҳти раисии судяи Суди Олии иқтисодӣ Муминзода Қутбиддин Қурбоналӣ, бо иштироки мутахассиси пешбари раёсати коргузорӣ ва назорати Суди Олии иқтисодӣ Салихов Худоназар Махмадназарович доир ба парвандаи иқтисодӣ маҷлиси сайёри судӣ гузаронида шуд. Баъд аз анҷоми маҷлиси сайёри судӣ аз ҷониби судяи Суди Олии иқтисодӣ Муминзода Қутбиддин Қурбоналӣ, мудири […]


Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

14 феврали соли 2025  аз ҷониби муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода З.Т. ва мутахассиси пешбари Раёсати коргузорӣ ва назорати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатоҳзода М.Н. дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и шаҳри Турсунзода  маҷлиси сайёри судӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин бо мақсади шарҳу тавзеҳи паёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  сокинони деҳаҳои Батош, […]


Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024

06 феврали соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодӣ бобати таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-1677 аз 04 марти соли 2005 ва Нақшаи тасдиқ намудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 декабри соли 2024 оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар кори […]


Маҷлиси ҳафтаина

27 январи соли ҷорӣ маҷлиси навбатии назоратӣ бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси доиргардида, Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. таъкид сохтанд, ки интизоми меҳнат аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳ ба таври қатъӣ риоя карда шавад ва дар ин хусус мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсус […]


Маълумот оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар соли 2024

Ҳокимияти судӣ ҳамчун сохтори калидӣ дар масоили риоя ва ҳифзи хуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷойгоҳи хоси худро дошта, судҳои иқтисодӣ адолати судиро дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ ба амал мебароранд. Натиҷаи омӯзиш ва таҳлили омори фаъолияти судӣ дар самти ба амалбарории адолати судӣ собит месозад, ки соли равон дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ […]