Ҳимояи бомуваффақи рисолаи номзадӣ муборак!

Санаи 7 майи соли равон, муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зебонисо Файзулло рисолаи номзадии худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.03 – Ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ дар шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-O18 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бомуваффақият ҳимоя намуд. Муҳаққиқ дар таҳқиқоти худ […]


15 май-Рӯзи байналмилалии оила. Оила сарчашмаи хушбахтии инсон аст.

Оила ҳамчун ҷузъи таркибии ҷомеа аз воҳидҳои гуногун таркиб ёфтааст ва алоқаи табии байни онҳо ҳамчун занҷири байни наслҳо ҳамеша дар инкишоф ва мустаҳкамӣ нигоҳ дошта мешавад. Таҳкурсии ҳар як фарди солим ва нерӯманд ба ҳамдигарфаҳмӣ, самимияту меҳрубонӣ, муҳаббати инсонии оилаҳо вобастагии қавӣ дорад. Оила  гурӯҳи хурди ҷамъиятӣ, офаранда ва бахшандаи ҳаёт, бақои ҷомеа аст. […]


Боздид аз Китобхонаи миллӣ

15 майи соли 2024, кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. Китоб сарчашмаи дониш аст, моро бо гузаштаи дуру наздик мепайвандад, бо ҳаёти имрӯз, бо фарҳанги мардумони гуногун ошно месозад. Китоб моро дарси мардонагӣ, дарси одамият меомӯзад. Аз ин рӯ, китоб дӯсти беҳтарини инсон ва роҳнамои зиндагист.


Оила-унсури асосии ҷомеа!

Рӯзи байналмилалии оила бо қарори Ассамблеяи генералии СММ соли 1993 эълон гардида, ҳамасола дар тамоми дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистони азизамон 15 май таҷлил мегардад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро Соли оила эълон намуда буданд, зеро оила дар ҳама давру замон ҳамчун арзиши олии ҷомеа ҳисобида мешавад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик […]


Ваҳдати миллӣ – эҳёгари ояндаи давлатдории мост

27 июни соли равон мардуми сарбаланди Тоҷикистон Рӯзи ваҳдати миллӣ, 27-умин солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ҷашн мегиранд. Барои мо тоҷикистониён ин рӯз рузи таърихӣ, тақдирсозу муқаддас буда, ин сана беҳтарин неъмати зиндагии башарият – сулҳу осоиш, бахшишу ҳамдигарфаҳмиро фароҳам оварда, дар ҳаёти ҷомеа саҳифаҳои навро баҳри рушду ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон боз […]


Боздид аз осорхонаи миллӣ

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ҳувияти миллӣ 14 майи соли 2024, кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо роҳбаладони осорхона аз толорҳои таърихии осорхона дидан карданд. Бояд гуфт, ки Осорхонаи миллӣ ба як макони илму адаб мубаддал гаштааст, ки бинандаро ороиши зебоияш дар […]


Маҷлиси ҳафтаина

Санаи 13 майи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам ва иштироки муовинони раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид. Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам пеш аз ҳама ба масъалаи иштироки фаъолонаи […]


Хушхабар!

Дараҷаи номзадии судяи суди иқтисодии вилояти Суғд тасдиқ гардид. Бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024 таҳти №4 (фармоиши № 84/д.и аз 29.03. 2024) ба судяи суди иқтисодии вилояти Суғд Эмомализода Наврӯз Эмомалӣ дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дода шуд. Ба мавсуф дипломи номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ бо рақами […]


Маърифати ҳуқуқӣ дар таълимоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 4 майи соли равон дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба муносибати соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 конференсияи илмию-амалии якҷояи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “Маърифати ҳуқуқӣ дар таълимоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар кори […]


Иди ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9 май ҳамчун […]