Бо мақсади баланд бардоштани донишҳои назариявӣ ва амалии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ, мусоидат ба беҳтар гардидани сифати баррасии парвандаҳо, ҷорӣ намудани татбиқи дурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ 26 ва 27-и сентябри соли 2025 дар толорҳои маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодӣ машғулияти семинарӣ бо судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, Суди иқтисодии вилояти […]
26 сентябри соли 2025 судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Баротзода З. М. ва Раҳимзода Х. А. — дар Форуми байналмилалии муҳокимавӣ таҳти унвони «Раванди арбитражии муосир: ҳамкории судҳои миллӣ бо судҳои байналмилалӣ» (дар формати фосилавӣ) иштирок карданд.
26 сентябри соли 2025 судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Баротзода З. М. ва Раҳимзода Х. А. — дар Форуми байналмилалии муҳокимавӣ таҳти унвони «Раванди арбитражии муосир: ҳамкории судҳои миллӣ бо судҳои байналмилалӣ» (дар формати фосилавӣ) иштирок карданд. Ташкилкунандагони форум: Суди Олии Федератсияи Русия, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии ба номи […]
ИШТИРОКИ СУДЯҲОИ СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АНТИКРИЗИСӢ ДАР ШАҲРИ АЛМАТО
Аз 15-ум то 18-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон, Конфронси Байналмилалии Антикризисӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар доираи ҳамоиш масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷумла: ҳифзи устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ, роҳҳои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои буҳронӣ, инчунин таҷрибаи давлатҳо дар соҳаи таҳкими адолати судӣ дар шароити ҷаҳони […]
Шанбегии ҳарҳафтаина дар Суди Олии иқтисодӣ
Бо мақсади иҷрои пурраи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд: “то 15-уми сентябри соли 2025 оид ба ташкил намудани рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта ҳашарҳо ташкил ва баргузор карда шуда дар вазорату идораҳо корҳои ободонию созандагӣ, тозагӣ, таъмиру тармими биною иншоот, роҳҳо, кӯчаҳо, маҳаллаҳо, […]
Танзим – кафили пешрафти ҷомеа
Таҳти сиёсати хирадмандонаву созанда ва ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамраъйи шаҳрвандони кишвар дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба амал омад, ки он боз ҳам як қадами устуворест дар қонунгузории давлати соҳибистиқлоли мо. Бояд […]
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ СПИТАМЕН
Рӯзи 9-уми сентябри соли 2025 дар ноҳияи Спитамен Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хос ва дар фазои идона таҷлил гардид. Ба ин муносибат дар Қасри фарҳанги Ҷамоати шаҳраки Навкат ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон […]
Ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Спитамен як қатор чорабиниҳои идона баргузор гардиданд
Ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Темурҷон Нӯмонзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Зебонисо як қатор чорабиниҳои идона доир гардиданд. Дар доираи таҷлил аз ин санаи тақдирсоз, ҳайати роҳбарикунанда аз қисми ҳарбии 0230 боздид ба амал оварда, сарбозон […]
Маросими тантанавии супоридани Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ба фаъолон
Дар Қасри фарҳанги Куруши ноҳияи Спитамен маросими тантанавии супоридани Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен баргузор гардид. Дар ин чорабинии муҳим раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Зебонисо ширкат варзида, як қатор фаъолони ҷомеаро, ки дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳия […]
Истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистон–ҷавҳари ҳастии миллати тоҷик!
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, 9-уми сентябр ҳамчун “Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст. 9-уми сентябр иди расмии давлатӣ аст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коллективҳои меҳнатӣ чораҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд. 9-уми сентябри соли […]
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ – МУҚАДДАСТАРИН ДАСТОВАРД
Истиқлолу озодӣ барои мо рамзи воқеии ифтихор аз Ватану ватандорӣ, бузургтарин имконияти давлатсозиву давлатдории мустақил, илҳомбахши азму талошҳои созанда ба хотири таъмин намудани рушди давлат, ободии Ватан, зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар як оилаи кишвар мебошад. Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатӣ барои мо мардуми соҳибтамаддуну бо фарҳанг дастоварди муқаддас маҳсуб меёбад. […]








