ХАБАР ОИД БА БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ

17 июли соли 2026, соати 08:00 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор мегардад. Бо мақсади таъмини дастрасии намояндагони воситаҳои ахбори омма ба натиҷаҳои фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли 2026, маълумоти зарурӣ қабл аз баргузории нишасти матбуотӣ дар […]


Варақаи иттилоотӣ оид ба баргузории нишасти матбуотии Суди Олии иқтисодӣ

Дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки меҳвари онро волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини адолати судӣ ва таҳкими қонуният ташкил медиҳад, фаъолияти судҳои иқтисодӣ ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои хоҷагидорӣ, таъмини муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, таҳкими эътимоди ҷомеа ба ҳокимияти судӣ ва татбиқи самараноки сиёсати ҳуқуқии давлат равона гардидааст. Аз […]


ИШТИРОК ДАР КОНФОРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВОБАСТА БА ҲУҚУҚИ ЗАНОН

15 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Занон дар низоми адолати судӣ: муколама, рушд ва адолат» баргузор гардид. Дар кори конфронс Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Зебонисо Файзулло ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ҷараёни конфронс масъалаҳои марбут […]


Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 .

10 июли соли 2026 дар маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2026 мавриди баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор гирифт. Дар ҷаласаи мазкур Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Абдуллозода Зебониссо Файзулло ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ […]


Иштироки намояндаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси фаъолони ноҳияи Спитамен

8 июли соли 2026 намояндаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрорзода Зуҳуриддин дар маҷлиси фаъолони ноҳияи Спитамен оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2026 иштирок намуд. Зимни маҷлис натиҷаҳои фаъолияти иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, […]


Ба истифода додани бинои Суди вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд

8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурии Суди вилояти Суғдро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд. Иншоот дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои мақомоти судӣ ва ба талаботи муосири соҳа ҷавобгӯ сохта шудааст. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]


БАРОМАДИ МУОВИНИ РАИСИ СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ ДАР ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ОМИЛИ РУШДИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД»

Муҳтарам иштирокчиёни форум, олимону муҳаққиқон, намояндагони ҳокимияту мақомоти давлатӣ ва меҳмонони гиромӣ! Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун Шуморо ба кори Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзуи муҳими «Маърифати ҳуқуқӣ – омили рушди давлати ҳуқуқбунёд» хайрамақдам мегӯям. Баргузории чунин ҳамоиши сатҳи ҷумҳуриявӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории муосир ва рушди босуботи ҷомеа аҳамияти хоса дошта, ба яке аз […]


ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ОМИЛИ РУШДИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД»

30 июни соли 2026 намояндагони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Маърифати ҳуқуқӣ – омили рушди давлати ҳуқуқбунёд», ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, иштирок карданд. Форум бо мақсади таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва тарғиби волоияти қонун баргузор гардида, намояндагони мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, судӣ, муассисаҳои […]


Баргузории машғулияти семинарӣ бо судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ

26 июни соли 2026 дар толори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти навбатии семинарии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори семинар роҳбарият, судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок намуда, масъалаҳои мутобиқи нақша пешбинишударо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд. […]


Иштироки Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми XIV байналмилалии ҳуқуқӣ.

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Зебонисо Файзулло рӯзҳои 24–26 июни соли 2026 дар кори Форуми XIV байналмилалии ҳуқуқии Петербург, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуданд. Иштироки ҳайати судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форуми мазкур ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии ҳокимияти судӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадами судӣ, баррасии масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ, […]