Шанбегӣ: Корҳои сохтумони ва ободони дар ҳоли анҷомёбист

Имӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд шанбегӣ баргузор гардид. Шанбегӣ дар гирду атрофи бино гузаронида шуда, гирду атрофи бино ва макони корҳои сохтмонӣ, ки дар ҳоли анҷомёбист, аз партовҳо тоза карда шуд. Ҳамчунин барои ободу зебо гардонидани мавзеи атрофи бино, дар майдони дарахтон корҳои нармкунӣ ва сабзкорӣ […]


Нақши истифодаи технологияи муосир дар таҳкими адолати судии иқтисодӣ – Қаландарзода Мансур, судяи СОИ ҶТ

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ таккони ҷиддие бахшид, ки дар навбати худ боиси ба миён омадани зарурияти истифодаи воситаҳои нав ҳангоми танзими фаъолияти муътадили он гардидааст. Тадбирҳои андешидашаванда бо мақсади риоя ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фаъолияти муътадил ва самараноки мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо нигаронида шуда, чун яке […]


Кумаки молиявии судялҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонба оилаҳои зарардида аз офатҳои табии дар шаҳру ноҳияҳои Кулоб

Дар партави ташаббусҳои созанда ва иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон судяҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва кумак ба оилаҳои зарардида, ки дар натиҷаи боришоти боронҳои  пай дар  пай ва омадани сел дар рузҳои 11-12 май дар шаҳру ноҳияҳои Кулоб хисороти моддӣ дидаанд, 30% маоши […]


Озмуни “Беҳтарин судя ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ–ташвиқотчӣ”

Суди Олии иқтисодӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои дарёфти нафарони лаёқатманд, соҳибмаърифат ва ташаббускор ва ташаккул додани малакаҳои эҷодӣ дар байни судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ, инчунин бедор намудани  ҳисси баланди аз худ намудани касбият дар самти худшиносӣ, меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи […]


Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

31 май таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, таҳти рақами 260 “Дар бораи Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва […]


Сафари кории Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Спитамен

Рузҳои  28-30 май Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда  бо мақсади шиносоӣ бо корҳои  сохтмонӣ дар  иншоотҳои ҷашнӣ ба  ноҳияи Спитамен сафар намуда бо ҳамроҳии Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Спитамен Аҳмадзода Бахтиёр ва раиси ноҳия Темурҷон Нуъмонзода нахуст  аз  корхонаи коркарди шири хушк дар ноҳия  дидан намуданд. Чи тавре, ки қайд […]


Ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба об – Рахмонова Р, корманди дастгоҳи суд

Об мӯъҷизаи беҳтарини ҳаёт буда, бе он ягон мавҷудоти зинда вуҷуд дошта наметавонад ва манбаи нахустини қонеъ гардонидани талаботи асосии инсон ба ҳисоб меравад. Масъалаҳои марбут ба об ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонии рушд табдил гаштааст. Маҳз ба ин хотир дар ҳуҷҷатҳои сатҳи ҷаҳоние, ки солҳои охир қабул гардидаанд, масъалаҳои марбут ба об […]


Мулоқоти Пешвои миллат бо ҷавонони кишвар

21 май дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку дар Рӯзи ҷавонон бо намояндагони ҷавонони мамлакат мулоқоти самимию созанда анҷом доданд. Нахуст Сарвари давлат ҳамаи ҷавонони саодатманди кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май дар саросари мамлакат ба таври шоиста ҷашн […]


Ҳамоиш дар мавзӯи “Баррасии баҳсҳо оид ба масоили об дар судҳои иқдисодӣ”

Имруз дар толори Суди Олии иктисодии Ҷумхурии Тоҷикистон ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018 – 2028” дар мавзуи “Баррасии баҳсҳо оид ба масоили об дар судҳои иқдисодӣ” ҳамоиш доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур муовини раиси Суди Олии […]


Кӯмак ба маъюбону ниёзмандон дар арафаи иди Рамазон

Дар арафаи Иди Фитр садақаи фитрро барои эҳтиёҷоти шахсони яккаву танҳо, маъюбон, ятимон, оилаҳои камбизоату барҷомонда, барқарорсозӣ ва бо асбобу анҷоми рузгор таъмин кардани хонаҳои истиқоматии онҳо, инчунин таъмири муасисаҳои иҷтимои, аз ҷумла мактабу боғча, бунгоҳи тиббию беморхона, китобхона, бунёди роҳҳу пулҳо, кашидани хати барқу об барои маҳаллаву деҳаҳо ва дигар корҳои ободонӣ аҷри бузург […]