РӮЗИ УМЕД БАРОИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

23 майи соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардад. Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон тантанаи воқеии арҷгузорӣ ба ин қишри ояндасоз […]


АСОСҲОИ БА ВУҶУД ОМАДАНИ ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ МАДАНӢ, АМАЛИСОЗӢ ВА ҲИМОЯИ ҲУҚУҚҲОИ МАДАНӢ

Имрӯзҳо такмили мунтазами қонунгузорӣ, хусусан, дар соҳаи маданӣ мувофиқи мақсад буда, рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ тақозо менамояд, ки манфиатҳои субъектони он таъмин гардида, бо дарназардошти шарикии давлат баробар ҷорӣ карда шаванд. Маҳз, мақомоти қонунгузории кишвар дар доираи ҳаллу фасли муаммоҳои ҳуқуқии бамиёномада, баҳри таъмини ҳуқуқбунёдии ҷомеа, алалхусус дар самти муносибатҳои маданӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда […]


Мустаҳкамии оила-Пояи боэътимоди давлат.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола аз соли 1993 сар карда, тибқи қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи 15 май расман ҳамчун Рӯзи байналмилалии оила эълон карда шуда, дар асоси моддаи 16-и Эъломияи ҳуқуқи башар «Оила рукни тарбия ва асоси ҷомеа  арзёбӣ гардида, ҳақ дорад, ки аз пуштибонии ҷомеаву давлат бархӯрдор бошад» ва ҳамаи […]


9 МАЙ – РӮЗИ ҒАЛАБА, ҚАҲРАМОНӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Санаи 9 май — рӯзи Ғалаба бар фашизм натанҳо як санаи тақвимист, балки яке аз пурҷалолтарин ва пурифтихортарин саҳифаҳои таърихи башарият ба шумор меравад. Ин рӯз рамзи пирӯзии нерӯи адолат, ваҳдат ва матонат бар ҷаҳолат, зулм ва фоҷиаи инсонист. Расо ҳаштоду як сол қабл, яъне 9 майи соли 1945, бо имзои санади таслимшавии бечунучарои Олмони […]


Иди байналмилалии Наврӯз- ифтихори тоҷикон.

Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон рӯзи нав, оғози зиндагии нав, рӯзи шодӣ ва рӯзи оштӣ аст. Дар ин рӯзи пур аз нуру сафо табиат, таърих ва инсон ҷони тоза меёбанд.Наврӯз решаҳои таърихӣ дошта, пайдоиши он ба давраҳои қадим, замони пеш аз ислом рост меояд. Ин ҷашн ба давраи Ҳахоманишиён (асрҳои VI-IV пеш аз милод) рост меояд. […]


Боздид аз иншоотҳои ҷашнӣ

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Зебонисо ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дод. Зимни ин боздид, мавсуф аз як қатор иншооти ҷашнӣ ва лоиҳаҳои муҳими сохтмонӣ, ки дар доираи омодагиҳо ба ин санаи […]


Коррупсия – мушкилоти умумиҷаҳони муосир

Яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи мувафақона амалӣ сохтани ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар шароити муосир ин коррупсия мебошад. Ҷиноятҳои характери коррупсионӣ дошта дар баробари экстремизму терроризм барои ҷомеа бениҳоят хавфноканд ва барои татбиқи орзую ормонҳои ватандӯстонаю некбинона баҳри рушди кишвар монеа эҷод менамоянд. Коррупсия дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ба шумор […]


Паём – роҳнамои тоҷикон.

Ҳамасола, мардуми ватандӯсти Тоҷикистон Паёми Сарвари давлатро бесаброна интизоранд, чунки дар Паёмҳои Сарвари давлат пешниҳодҳое манзур мегардад, ки боиси рӯҳбаландии тамоми мардуми мамлакат мегардад. Вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 16 декабри соли 2025 баъзе андешаҳои хешро баён менамоям. Паеми Пешвои муаззами […]


Баргузории машғулияти семинарӣ бо судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ

24 апрели соли 2026 Дар толори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти семинарии навбатии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар семинари мазкур роҳбарият, судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди иқтисодии вилояти Хатлон ва суди иқтисодии шаҳри Душанбе иштирок намуда, мавзӯъҳои баромадкунандагонро мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор доданд. Инчунин, […]


Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ

Ҷаҳони муосир зери таъсири технологияҳои рақамӣ тағйироти босуръатро аз сар мегузаронад. Тағйироти рақамӣ қариб тамоми соҳаҳои фаъолияти инсонро шуруъ аз истеҳсолот ва савдо то маориф ва идоракунии давлатӣ фаро мегирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 […]