Маълумотнома оид ба фаъолияти Суди Олии иқтисодӣ дар соли 2023

Натиҷаи таҳлил, омӯзиш ва ҷамъбасти фаъолияти солонаи судҳои иқтисодӣ нишон медиҳад, ки давраи ҳисоботӣ аз ҷониби марҳилаҳои якуми судҳои иқтисодӣ, коллегияҳои кассатсиониву назоратӣ ва Раёсати Суди Олии иқтисодӣ дар маҷмуъ 3 137 (3 568) адад парванда мавриди баррасӣ қарор гирифта, доир ба 1 587 (1 719) ҳалномаи судӣ қабул гардида, 144 (127) парванда қатъ карда […]


Таъмини волоияти қонун дар меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ – Аминзода Зокир, муовини раиси СОИ ҶТ

Инсон бо фарогирии тамоми мавҷудияти худ танҳо мақсад буда, он ҳатто барои амалӣ намудани беҳтарин ва накутарин иқдом васила шуда наметавонад.Маҳз инсон, шахсият дар меҳвари Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28 декабри соли 2023 ироа гардид, қарор дорад. Бунёди як ҷомеаи адолатпарвар ва фароҳам овардани шароити […]


Нақши маърифати ҳуқуқӣ дар давлати ҳуқуқбунёд – Файзуллозода Х.Т., Сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

“Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун воситаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст” Эмомалӣ Раҳмон Нақши маърифати ҳуқуқӣ дар давлати ҳуқуқбунёд Қобили зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам […]



Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

24 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди […]


Маҷлиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 23 январи соли 2024 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Раиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад, маҷлиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирози назоратии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодӣ аз […]


Мубрамияти Маърифати ҳуқуқӣ дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат – Асрорзода З, сардори раёсати ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо арзи эҳтиром ва ифтихору садоқатмандӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дарки масъулият иброз менамоем, ки маҳз тавассути иқдомҳои пайгиронаи Роҳбарияти олии мамлакат дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа пайваста тағйиротҳои назарраси мусбӣ сурат гирифта, мардуми тоҷик ба дастовардҳои бузург ноил гардида,  ба […]


ПАЁМИ НАВБАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БОЗ ЯК НАСИМИ ТОЗАЕ ДАР ФАЗОИ СИЁСИИ КИШВАР – Абдураҳимзода Шамсиддин, Мутахассиси пешбари бахши кадрҳо ва корҳои махсуси СОИ ҶТ

Ҳамасола дар доираи салоҳиятҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат Паём ироа менамояд, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар барои давраҳои оянда ба ҳадафу афзалиятҳо ва дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ муқаррар карда мешавад. Дар шароити […]


Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси суд Мирзозода Р.П.

Санаи 20 январи соли 2024 аз ҷониби Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад мувофиқи НАҚШАИ қабули шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули шаҳрвандон баргузор гардид. Мирзозода Рустам шаҳрвандон, шахсони воқеъи ва намояндагони шахсони ҳуқуқиро қабул намуда, бобати пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои онҳо ба кормандон супоришҳои мушаххас доданд […]


Спитамен: Натиҷагирӣ аз натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2023

Санаи 10 январи соли 2024 маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2023 баргузор гардид. Дар маҷлиси ҷамьбастӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Тоҳир Толибзода иштирок намуданд. Ҳамчунин муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъба […]