Ҳамкориҳои судманд бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таърихи 29 ноябри соли 2024 аз ҷониби намояндагонӣ Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар Суди Олии иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар ин чорабинӣ роҳбарият, суядҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Чорабинии мазкур […]


Ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 22 ноябри соли 2024, дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба муносибати ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид. Чорабиниро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам ифтитоҳ намуда, қайд карданд, ки эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан […]


Парчам – муаррифгари миллати тоҷик

Чист парчам? Ифтихори миллат аст, Чист парчам? Иқтидори миллат аст. Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон, Чист парчам? Эҳтироми миллат аст. Дар таърихи 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоб баргузор гардид, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро қабул кард, ки дар […]


Парчам

Яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон Парчам мебошад. Парчам дар баробари Нишон, Суруди милли, Конститутсия, Пули миллй яке аз муқадцасоти миллй ба шумор меравад. «Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллй ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Эмомалӣ […]


Ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ

Тарбияи ватандӯстӣ, фаъолияти мураттаб ва мақсаднок барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронида шудааст, мебошад. Дар ҳақиқат, ватандӯстӣ ифодакунандаи эҳсосоти гарм, яъне ҳолати рӯҳии инсон, муҳаббати вай нисбат ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангӣ мебошад. Ин […]


Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи давлатдорӣ ва қудрати сиёсӣ

Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иди миллӣ 24 ноябр ҳар сол аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ ҷашн гирифта мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудааст, ки “Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷасумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, […]


Ҷаласаи онлайни мақоми олии коллегияи Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Пленуми Суди иқтисодии ИДМ

14 ноябри соли 2024 дар шаҳри Минск дар Кумитаи Иҷроияи ИДМ ҷаласаи мақоми олии коллегияи Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Пленуми Суди иқтисодии ИДМ тавассути конфронси видеоӣ баргузор гардид. Дар Пленуми мазкур иштирок доштанд: Раиси Суди иқтисодии ИДМ, судяи Суди иқтисодии ИДМ аз Ҷумҳурии Беларус Плотников Андрей Владимирович, Муовини раиси Суди иқтисодии ИДМ, аз […]


Президент ҳомии Конститутсия

Таърихи кӯҳандиёру пурфарҳанги тоҷикон саршор аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки дар сарнавишти халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд. Ҳамасола дар кишвари азизу маҳбубамон ҳамоишҳову ҷашнвораҳо дар робита ба эҳёи бузургони гузаштаи халқамон ва пос доштани арзишҳои миллиамон таҷлил карда мешаванд, ки ин нишонаи олии арҷгузорӣ ба гузашта, имрӯза ва ояндаи фарзандони миллати шарафманди […]


НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек тамоми идораи давлатиро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик эҳсос мегардид, бар уҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди […]


Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мувофиқи муқаррароти моддаи 2 -юми Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки санаи 14-уми майи соли 2016 қабул шудааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад. Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъин ва гузаронида шудани Иҷлосияи таърихии XVI -уми Шӯрои Олии ҶТ дар раванди таъмини ваҳдату […]