Шанбегӣ бо мақсади ҷашн гирифтани идҳои миллӣ

Санаи 4 марти соли 2023 бо супориши Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба  ободу зебо нигоҳ доштани ҳудуди шаҳри Душанбе, инчунин бо мақсади зебову назаррабо гардонидани назди бинои суд, ҳамчунин бо мақсади […]


Паём-равшангари имрӯз ва фардои кишвар! – Хайруллозода Ҳ, котиби марҳияи якуми СОИ ҶТ

Дар замони истиқлолияти давлатӣ ва рушди босуботи сиёсати иҷтимоӣ ва  иқтисодии кишвар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ироа гардид,ки он  ҳамчун маводи арзишманди таҳлилӣ ва роҳнамо барои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  равшангари имрӯз ва фардои кишвар  ба ҳисоб меравад. […]


ПАЁМ – ҲУҶҶАТИ ТАҚВИЯТБАХШИ АДОЛАТИ СУДӢ – Хайриддинзода А, муовини Раиси СОИ ҶТ

Паём ҳамчун ҳуҷҷати ҳадафманд ва муайянкунандаи дурнамои рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеъа аз ҷумла, муносибатҳои ҳуқуқии ҷомеъаро дар як даври муайян ҷамъбаст намуда, пешбурди сиёсати мутавозини давлатиро бобати иҷро намудани барномаву стратегияҳои давлатӣ, амали гардонидани барномаҳои суди-ҳуқуқӣ ба хотири ҳали масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангӣ ва тарбияи аҳолӣ, муайян мекунад. Масъалаи муҳиме, ки дар паёмҳои ҳамасолаи […]


Баргузории семинари ҳармоҳаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд

Санаи 24 феврали соли 2023 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  машғулияти семинарии навбатии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Машғулиятҳои семинари охири ҳар моҳ баргузор гардида мақсад аз он баланд бардоштани савияи дониши касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳ мебошад ва дар он роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии […]


Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 30-солаги таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 23 феврали соли 2023 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бахшида ба 30-солаги таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам ифтитоҳ намуда, доир ба таърихи таъсисёбии Артиши Милли ва дастовардҳои он дар даврони Истиқлолият суханрони намуданд. Қайд гардид, […]


ХИЗМАТ ДАР САФИ АРТИШ ВАЗИФАИ МУҚАДДАС ВА ҚАРЗИ ҶАВОНМАРДИСТ – Ғоибов Ғ.Ҷ., сармутахассиси шуъбаи муҳосиботи СОИ ҶТ

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Воқеан, хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Ватане, ки имрӯз соҳибистиқлол буда демократия, тинҷи ва осудагӣ дар фазояш пойдор аст моро водор […]


Спитамен: Артиши миллӣ – сипари боэътимод

Дар ноҳияи Спитамен ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниву ҷамъомадҳои гуногун идома доранд. Аз ҷумла, дар доираи ин ташаббус Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода ҳамроҳ бо намояндаи Суди олии иқтисодӣ Қаҳҳорзода Ҷамшед аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ КДАМ 0228 ва 0230 ноҳия боздид намуданд. Раиси ноҳия ва намояндаи суди олии иқтисодӣ зимни […]


Ҷаласаи Шӯрои раисони судҳои олии (болоии) давлатҳои аъзои ИДМ ба тариқи видео- конфронс (онлайн)

Ҷаласаи Шӯрои раисони судҳои олии (болоии) давлатҳои аъзои ИДМ ба тариқи  видео- конфронс (онлайн) Санаи 20 феврали соли 2023 ҷаласаи навбатии Шӯрои раисони судҳои олии (болоии) давлатҳои аъзои ИДМ (минбаъд – Шӯро) ба тариқи  видео- конфронс (онлайн) баргузор гардид. Дар ҷаласа Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон […]


Иштироки Раиси СОИ ҶТ дар ҷаласаи Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар санаи  17  феврали соли равон   дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҷаласаи  Шӯрои  ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим  ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад иштирок намуд. Тибқи рӯзномаи  ҷаласаи Шӯро сараввал  гузориши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ашуриён М. оид […]


23 феврал рузи Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вализода Ф, сардори шуъбаи СОИ ҶТ

Рӯзи 23 феврали соли ҷорӣ аз таъсисёбии Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард. Санаи 23 феврали соли 1993 дар солномаи Ватани азизи соҳибистиқлоламон ҳамчун рўзи фаромўшнашаванда сабт […]